РОҲПАЙМОӢ: Ҷавонон пайрави Пешвои миллат

истар

ИСТАРАВШАН. Бахшида ба 25 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан роҳпаймоии ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон пайрави пешвои миллат!” бо шиору овезаҳои “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Иҷлосияи тақдирсоз”, “Ҷавонон қувваи созандаи имрӯзу фардоянд”, “Танзим баракати зидагӣ” ва “Парчамат, эй Тоҷикистон, то абад бодо парафшон” гузаронида шуд. Баъд аз роҳпаймои дар майдони ғалаба ҳамоиши ҷавонон гузаронида шуд. Дар ҳамоиш шахсони масъул оид ба Иҷлосияи  XVI Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат дар Иҷлосияи  XVI Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта гузаштанд. Дар охир аҳли санъаткорон барои хушҳолии ҷавонон сурудҳо дар васфи “Ватан” ва “Тоҷикистон” сароиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>