Соати сиёсӣ: «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯйдоди воқеан муҳими таърихӣ»

IMG_2624

АШТ. Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва ташкилотҳои ибтидоии он ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи чорабиниҳои худро бо қишрҳои мухталифи ҷомеа дар шакли вохӯрию сӯҳбатҳо, мулоқотҳо, мизҳои мудаввар ва гузаронидани соати сиёсӣ ба роҳ монда, баҳри дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани онҳо саҳми босазо мегузоранд. Вобаста ба ин рӯзи гузашта дар ташкилоти ибтидоии шабакаҳои барқи ноҳияи Ашт Соати сиёсӣ таҳти мавзӯи «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯйдоди воқеан муҳими таърихӣ» бо иштироки аъзоёни ҳизб ва коркунони муассиса баргузор гардид.  Чорабиниро раиси ташкилоти ибтидоӣ Сатторов А. ҳусни оғоз бахшида, бобати аҳамияти таърихии Иҷлосияи тақдирсоз маълумот дод. Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Абдураҳмонов Ш. дар бораи аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуда, аз ҷумла баён дошт, ки агар мо аз нигоҳи имрӯз ба рӯйдоду ҳодисоти рӯзҳои аввали истиқлолияти Ватанамон назар афканем, мебинем, ки маҳз Иҷлосияи таърихии XVI сароғози таърихи навини мо ба шумор меравад. Ва ин рӯйдоди воқеан таърихӣ буд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ва миллати моро аз парокандагӣ нигаҳ дорад.  Баромадкунандагон Рузматов Дилшод ва Тоштемиров Шараф оид ба Иҷлосияи тақдирсоз ва пайванди ногусастании Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин таърихи миллат ибрози ақида намуданд.  Бояд зикр намуд, ки баргузории соати сиёсӣ дар ин мавзӯъ тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро фаро хоҳад гирифт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>