Мусобиқаи варзишӣ байни духтарон

бг шашки

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Бо мақсади ҷалби бештари духтарон ба варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар толори кумиҷроияи  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки 34 – нафар духтарон мусобиқаи шашка баргузор гардид. Ба мусобиқа мудири бахши кор бо занони кумиҷроияи ноҳиявӣ Солиева М. ҳусни ифтитоҳ бахшида ҳадафи чорабинии варзиширо ба варзишгарон баён намуда, сипас сардовар мураббии муассисаи мактаби варзишии №1-и ноҳия — Иномов Юсуфҷон., ва довари мусобиқа — Алиматов Аъзамҷонро  муаррифӣ кард. Дар мусобиқа аз ҳамаи ҷамоати деҳоти ҳудуди ноҳия иштирок намуданд. Иштирокчиёни мусобиқа аз рӯи қуръапартоӣ бо навбат байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Ҳайати ҳакамон мусобиқаро ҷамъбаст намуда, ғолибонро муайян кард. Ҷойи I-ум насиби Саидмуродова Маҳина хонандаи синфи 6 МТМУ №10- ҷамоати деҳоти Ёва, ҷойи II-ум насиби Қаюмова Замира хонандаи синфи 7 МТМУ № 42-и ҷамоати деҳоти Исфисор ва ҷойи III-ум насиби Худоёрова Волида хонандаи синфи 7 МТМУ №55-и ҷамоати деҳоти Исфисор гашт. Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муқимзода Н., иштирокчиёни мусобиқаро бо ҷашни бузурги миллӣ — 25-солагии Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон табрик намуда, ба ғолибони мусобиқа Диплом ва тӯҳфаҳои хотиравиро тақдим намуд. Дар навбати худ иштирокчиён барои ташкили чунин мусобиқа ва дастгирии занону духтарони варзишгар миннатдории худро ба КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>