Аҳамияти таърихии Иҷлосия

DSC05907

ГУЛИСТОН. Бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ташкилоти ибтидоии шаҳраки Чоруқдаррон бо фаъолзанон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар он Раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб Қосимова К.М, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Раҳимова М.А ва Раиси Ташкилоти ибтидоии  шаҳраки Чоруқдаррон Бердиева Н.Т. иштирок доштанд. Раиси ташкилоти ибтидоии шаҳраки Чоруқдаррон ба вохӯрӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро муаррифӣ намуд ва нахуст сухан ба Қосимова К.М. дода шуд. Раиси собиқадорони ҳизб Қосимова К.М. дар мавзӯъи «Аҳамияти таърихии Иҷлосия» баромад кард. Ӯ қайд кард, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри «Арбоб»-и Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Ӯрунхоҷаев  Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро оғоз намуда буд. Дар Иҷлосияи 16-уми Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 Қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид, ки нақши онҳо барои вазъи сиёсии кишвар дар он солҳо хеле бузург буд. Аҳамияти таърихии Иҷлосияи сарнавиштсоз аз он иборат аст, ки давлати тозаистиқлоламонро аз вартаи ҳалокат раҳо намуд, ба халқу давлат пешвои ҷасуру далер, дилсӯзи халқу миллат, сиёсатмадори нотакрорро дод, сохтори дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатиро барқарор намуда, хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандиро оғоз бахшид.     Мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон Раҳимова М.А. бахшида Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда, оид ба сифатҳои касбӣ ва инсонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сухан кард ва қайд намуд, ки мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро ҷонибдорӣ менамоем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>