Озода Раҳмон: «Дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърих бори дигар собит сохт, ки наҷоти ҳар як давлату миллат дар лаҳзаҳои ҳассосу фоҷиабор ба зуҳури шахсияти бузурги миллӣ вобастагии зич дорад»

Ozoda-Ra-mon-4

ДУШАНБЕ.  «Дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърих бори дигар собит сохт, ки наҷоти ҳар як давлату миллат дар лаҳзаҳои ҳассосу фоҷиабор ба зуҳури шахсияти бузурги миллӣ вобастагии зич дорад. Зеро маҳз шахсиятҳои бузург қодиранд инсонҳоро дар ҳалли масъалаҳои печидаву мураккаби иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ раҳнамоӣ карда, дар қалбу дидаи мардум шӯълаи умедро ба ояндаи дурахшон барафрӯзанд», — навиштааст Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  номзади илмҳои ҳуқуқ Озода Раҳмон дар мақолаи худ «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-марҳилаи нави рушди давлатдории тоҷикон». Ин ва дигар мақолаҳои донишмандони тоҷик дар китоби нави «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ибтидои сулҳу субот» фароҳам омадаанд, ки он аз ҷониби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи тақдирсоз нашр гардид. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ иброз намуд: «Дар маҷмӯаи мақолаҳо масъалаҳои муҳими Иҷлосияи таърихии кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, муаллифон аз таърихи баргузории Иҷлосия то имрӯз самтҳои асосии рушду нумӯи мамлакатро таҳлил намудаанд. Хусусан нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва амалӣ гардонидани мақсаду ҳадафҳои Иҷлосия дар мақолаҳои муаллифон хеле возеҳу равшан инъикос ёфтааст». Аз ҷумла, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ Озода Раҳмон дар мақолаи худ   ҳамчунин зикр намудааст:  «Муддати 25 сол, ки аз баргузории ин Иҷлосия мегузарад, барои таърих фосилаи чандон тӯлонӣ нест, аммо барои кишвари навҷавони мо марҳилаи худшиносӣ, ҳувият, ободонӣ ва фарҳангсозӣ ба ҳисоб меравад. Онро ҳамчунин метавон фурсати муносиби муаррифии тоҷикон дар арсаи олам ном бурд».

Ба андешаи номбурда, «ҳеҷ гоҳ мақому манзалат ва нақши ин Иҷлосияи таърихӣ аз хотирҳо зудуда нахоҳад шуд, зеро ин санаи муҳими таърихӣ санаи ифтихору имтиҳони миллати куҳанбунёди мо дар роҳи таҳкими пойдорию устувории Истиқлолияти давлатии мост ва маҳз ҳамин Иҷлосия масъулияти гарони сарварии кишварро ба фарзанди асил ва фарзонаи миллат-Эмомалӣ Раҳмон дод, ки ӯ тавонист оташи ҷанги дохилиро дар кишвар фурӯ нишонда, Тоҷикистонро ба давлати ободу шукуфону озод, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона табдил диҳад».

Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар мақолааш зери унвони «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: аҳамият ва арзиши он» дар бораи аҳамият ва арзиши ин Иҷлосияи тақдирсоз андешаҳояшро баён намуда, зикр кардааст: «Аз нахустин рӯзҳои ба сари ҳокимият омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳуҷҷату қарорҳои Иҷлосияи XVI масъалаи сулҳ, барҳам додани ҷанги бемаънии бародаркуш ба таври ҷиддӣ ба миён гузошта шуд.

«Ба ҳурмати наҷот додани Тоҷикистон ва хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, ба хотири ба даст овардани сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ, бо мақсади ягонагӣ ва муттаҳидии тамоми халқҳое, ки сокини ҷумҳуриамон мебошанд, даъват менамоем, ки дар Иҷлосия иштирок намоед»- ин аз ҷумлаи аввалин муроҷиатҳои Эмомалӣ Раҳмон мебошад».

Академик хулоса кардааст, ки «аҳамияти бузурги таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки сарнавишти халқи тоҷикро ба дасти шахсияти бузурги аср муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супурд ва Сарвари давлат тавонист мардуми кишварамонро ба ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу салоҳ расонад».

«Муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ он буд, ки шахсияти миллию мардумиро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи раҳбарӣ ва давлатдорӣ дар марҳилаи навини таърихӣ овард ва ин марди майдони сиёсати минтақавӣ ва башарӣ бо рӯҳи қавии миллӣ на танҳо вазъро ба эътидол оварда, созиши миллиро дар сатҳи иҷтимоӣ таъмин намуд, балки дар бунёди давлат, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати миллӣ дар миқёси байналмилалӣ саҳми сазовор гузошт»- ин суханон дар мақолаи «Иҷлосияи XVI-и Шӯрои Олӣ – заминаи давлатсозии навини миллӣ» аз ҷониби президенти Академияи илмҳо, академик Фарҳод Раҳимӣ дарҷ гардидаанд.

Дар ҷойи дигар академик Фарҳод Раҳимӣ зикр намудааст: «Агар кӯшишу заҳматҳои доимии Эмомалӣ Раҳмон намебуданд, на танҳо ба созиш ва ваҳдати миллӣ намерасидем, балки қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли Афғонистон майдони тохтутозҳои худхоҳону бегонагон мешуд».

Абдуфаттоҳ Шарифзода, доктори илмҳои таърих, проффесор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон низ дар бораи нақши ин Иҷлосияи тақдирсоз андешаҳои ҷолиб оварда, зикр кардааст, ки Иҷлосияи XVI давраи бунёдкории мардуми Тоҷикистонро ба зуҳур оварда, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандонро хеле боло бурд. «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд»,-навиштааст А. Шарифзода.

Бояд зикр намуд, ки маҷмӯаи мазкур барои хонандагон, хусусан ҷавонон дастури хуби омӯзишӣ буда, аз он метавон далелу рақамҳои ҷолиб дарёфт, ки барои донистани таърихи гузашта, вазъи воқеӣ ва ояндаи рушди давлатдорӣ мусоидат мекунанд.

 

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>