Иҷлосияи тақдирсози миллат

бг очикалв

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриву мулоқотҳо бо аҳли ҷамоату шаҳраку деҳоти ҳудуди ноҳия баргузор гашта истодааст. Ҳамин гуна чорабинӣ дар маҷлисгоҳи беморхонаи ноҳиявии №7-и ҷамоати деҳоти Овчиқалъача вохӯрӣ баргузор гардид.  Муовини озоди кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар минтақаи Овчиқалъача Қаландарова М. меҳмоноро муаррифӣ намуд. Дар вохӯрии мазкур мудири шӯъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Абдуллоев С. иштирок ва суханронӣ намуда, ҳамзамон  афзуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии  Тоҷикистон дар саҳифаи таърихи навини тоҷик ҳамчун рамзи иҷлосияи наҷотбахшу сарнавиштсоз  ворид гардидааст. Он аз лиҳози моҳияти худ бо Эъломияи Истиқлолияти Тоҷикистон  баробарарзиш аст. Агар эъломия давлатеро бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон дошта бошад, пас, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар Хуҷандшаҳр ҳамин давлатро аз фаношавӣ нигоҳ дошт ва миллати тоҷикро аз гирдоби нобудӣ берун кашид. Бо таъбири  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Иҷлосияи XVI-уми  Шӯрои Олӣ бо тақозои таърих натанҳо тифли дар гаҳворабудаи Истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро  ба сӯйи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд». Дар охири вохӯри аҳли кормандони беморхонаи ноҳиявии №7-и ҷамоати деҳоти Овчиқалъача миннатдории худро ба КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров расонданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>