Аёдати вакили Иҷлосияи тақдирсоз

0-04-04-2be10749081f9923ee26fae95333055951c848accf61b7d62b53dbbae38ebbd6_full

КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ. Бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи тақдирсоз Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода вакили Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷалилов Абдуҳамид – сокини ҷамоати Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро аёдат намуд. Абуҷалилов Абдуҳамид аз ин иқдоми хайрхоҳонаи  кумитаи иҷроияи вилоятӣ шод гардида, хотираҳои худро аз ин Иҷлосияи тақдирсоз нақл намуда, қайд кард, ки «Даъвати Иҷлосияи Шӯрои Олӣ иқдоми хеле оқилона ва хирадмандона буд, ки аз фарҳанги  олӣ ва хиради азалии мардуми тоҷик сарчашма мегирифт. Маҳз ҳамин хираду фарҳанги аҷдодӣ буд, ки моро дар лаҳзаи тақдирсоз  аз тӯфону бӯҳрони  пурфоҷиаи таърих, вартаи ҳалокат раҳонида, ба0-04-04-9afb70d7ea2cbd933225e98630a279c42d9b30b63c0ada420089bb81ed349f70_full пойгоҳи сулҳу созиш ва ваҳдату якдилӣ бирасонд. Худованд, барои  он ки миллати ҷафодидаи тоҷик дар пайроҳаи пурпечутоби таърих роҳгум назанад ва аз ҷаври навбатии таърих раҳоӣ ёбанд, барои мо Эмомалӣ Раҳмонро ато намуд. Ӯ дар ҳамаи ҷаласаҳои Шӯрои Олӣ нақши аввалиндараҷа мебозид ва бо ҷасорат, ҳақталошӣ, ростқавлӣ, серталабӣ ба худ ва дигарон, миллатдӯстӣ ва инсонпарастии худ байни вакилони халқ шӯҳрат пайдо намуда  буд. Интихоби ӯ ба мақоми олии Сарвари давлат натиҷаи мантиқии фаъолияти ҷамъиятии худаш буд». Дар охири сухан вакили Иҷлосия шукрона аз давлати тинҷу осуда намуда, миннатдории худро нисбати ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>