Сарфароз Фаттоҳзода: РӮЙДОДЕ, КИ ТАҚДИРИ МИЛЛАТРО СОХТ

IMG_9892

Мусоҳиба бо Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода

- Ин лаҳзаҳо дар арафаи яке аз ҷашнҳои бузурги миллат – 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Нахуст мехостам, дар бораи аҳамияти таърихии ин рӯйдод андешаи Шуморо дониста бошам.

-  Таърихи халқи тоҷик саҳифаҳое дорад, ки бо ҳарфҳои заррин навишта шуда, дар сарнавишти миллати мо нақши ҳалкунанда гузоштаанд. Яке аз ин саҳифаҳои дурахшони таърихи халқи тоҷик Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имсол 25-умин солгарди  ин рӯйдоди муҳиму фараҳбахшро таҷлил мекунем. Барои миллати тоҷик баргузории ин рӯйдоди фараҳбахш воқеан ҳам тақдирсозу сарнавиштсоз маҳсуб мешавад, зеро Тоҷикистони тозаистиқлолро аз вартаи нобудшавӣ нигаҳ дошт, заминаҳоеро барои рушди минбаъдаи ин миллату давлат фароҳам овард. Ба ин рӯйдоди таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои воқеӣ дода, қайд намудаанд:  “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯйи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадами нахустин гузошта шуд”.

 -       Яъне, ба андешаи Шумо, заминаҳо барои таҳкими ваҳдат ва ҳифзи истиқлолият маҳз дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд омадаанд?

 Бале, воқеъан ҳам, барои таъмини ваҳдати миллӣ қадами нахустину устувор дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд. Зеро Тоҷикистон дар коми оташи ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт, хатари азбайнравии давлати соҳибистиқлол вуҷуд дошт. Соҳиб шудан ба истиқлолият ва муттаҳидӣ зери парчами кишвари соҳибихтиёр орзуву ормони садсолаҳои тоҷик буд. 9-уми сентябри соли 1991 ин неъмати бебаҳо ба даст омад. Аслан, баъди соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ яке аз вазифаҳои асосии давлату миллат ин комил намудан, ҳифзу таҳким бахшидани истиқлолият маҳсуб мешуд. Аммо, душманони истиқлолият хостанд, аз солҳои аввал ба решаи он теша зананд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар зад, ки он ҳар лаҳза хатари аз байн рафтани Истиқлолияти давлатӣ ва ба ин васила, маҳви миллату давлатро пеш меовард.  Тасмим гирифта шуд, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиро баргузор намоянд ва яке аз масъалаи асосӣ, ки дар он бояд матраҳ шавад, ба таври оҷил пешгирӣ кардани ҷанги шаҳрвандӣ буд. Вале, авзои ногувори сиёсӣ дар шаҳри Душанбе – пойтахти кишварамон ба баргузории ин чорабинии аҳамияти баланди сиёсидошта имкон намедод. Бо пешниҳоди иддае аз равшанфикрон тасмим гирифта шуд, ки онро дар Қасри Арбоби Хуҷанд баргузор намоянд ва ҳамин тавр шуд.

 - Воқеъан, он рӯзҳо вазъияти сиёсӣ дар ҷануби кишвар муташанниҷ буд. Магар беҳокимиятӣ, набудани роҳнамои боэътимод низ халқро ба як роҳи сарбаста намебурд?  

 Яке аз аҳамияти таърихии ин Иҷлосия интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, зеро беҳокимиятӣ, набудани сарвар, пешвои раҳнамову раҳкушо боиси пайдо шудани гурӯҳҳо гардида, ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ равған мерехт. Ба симмати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоби оқилона буд. Вакилон ба хубӣ медонистанд, ки барои бартараф намудани вазъияти ҳассоси кишвар дар садри он нафаре лозим аст, ки пеш аз ҳама, иродаи қавӣ, дониши баланд, ҷасорат ва матонати худодод бояд дошта бошад ва ҳамингуна  хислатҳоро дар Эмомалӣ Раҳмон дарёфтанд, хато накарданд.  Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои нахустини ба вазифа шурӯъ намудан масъулияти бузургро ба худ гирифтанд, қатъ кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, баргардонидани гурезагони иҷборӣ, даст ёфтан ба ваҳдату сулҳи поянда. Сухане, ки Сарвари давлат он лаҳзаҳо ба забон оварданд: “Ман ба Шумо сулҳ меоварам” ҳамватанонро тасхир кард, умедҳои мурдаро аз нав зинда ва қалбҳои паҷмурдаро эҳё намуд. Барои ноил шудан ба ин мақсад Сарвари давлат ҳатто андешаи ҷони худ накарданд. Музокироти тӯлонӣ, дар кунҷу канори олам, ҳатто дар минтақаҳои ноамн (Афғонистон) бозгӯи иродаи қавии Сарвари давлат буд, ки барои ояндаи неки миллату давлат анҷом дода шуд. Ниҳоят муяссар гардид, ки соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расад ва сулҳи деринтизор дар Ватани маҳбубамон танинандозӣ намояд.

Бисёре аз коршиносон мегӯянд, бо баргардонидани гурезагон ба Ватан ва даст ёфтан ба сулҳ бовариву эътимоди халқ ба Сарвари худ афзуд, Шумо дар ин бобат чӣ андеша доред?

 Баргардонидани гурезагони иҷборӣ ба сарзамини аҷдодӣ аз ҳадафҳое буд, ки Сарвари хирадманду дурандеш дар пайи амалисозии он боварии халқ нисбат ба ҳукумат ва роҳбари онро дучанд намуд. Акнун халқи шарифи Тоҷикистон дар атрофи Пешвои худ муттаҳид гаштанд ва дар дастҷамъӣ миллати парешонро ба ҳам оварда, марҳилаи рушду пешрафтеро барои Тоҷикистони соҳибистиқлол фароҳам карданд. Барои амалӣ гардидани ин ҳадафҳо Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ дорад ва он барои халқу миллат сарнавиштсоз ва тақдирсоз аст. Ин рӯйдоди таърихӣ имкон дод, ки Истиқлолияти давлатӣ комил гардида, сулҳу ваҳдати миллӣ ба вуҷуд ояд. Ва имрӯз ҳифзу таҳкими ин арзишҳои нодири миллат – Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ яке аз вазифаҳои асосии мову Шумо маҳсуб мешавад. Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронии худ қайд намуданд: Беҳтарин ва бузургтарин дастоварди таърихи навини миллати ҳуқуқбунёд ва соҳибфарҳанги тоҷик сулҳ ва истиқлолият аст. Вазифаи ҷониву виҷдонии ҳар яки мост, ки ин дастовардҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва шукронаи ин неъмати бузургро ба ҷо орем”.

 Мехостам, ба таври мушаххас андешаи худро аз аҳамияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагон баён менамудед.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чанд ҷиҳат аҳамияти махсус дошта, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки роҳбари арзандаву раҳнаморо ба халқ ато фармуд. Ва бо сарварии ӯ хатари аз байнравии халқу миллат пешгирӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида шуд. Сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ барқарор гашт. Маҳз дар ҳамин Иҷлосия замина барои қабули Конститутсия ба вуҷуд омад, ки Тоҷикистонро давлати дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва демократӣ унвон кардааст. Яъне, Иҷлосия роҳеро барои ба эътидол овардани кишвар тарҳрезӣ кард ва муҳимтар аз ҳама, халқи кишварро барои расидан ба мақсади асосӣ – сулҳу ваҳдат раҳнамоӣ намуд. Умаман, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти баланди сиёсӣ ва таърихиро соҳиб аст. Ва агар онро бо як ҷумла ифода кунем: “Рӯйдоди сарнавиштсоз барои миллати тоҷик” маҳсуб мешавад.

Шумо дар боло аз ҳифзу таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ёдовар шудед. Ҳамчун роҳбари Кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ба назари Шумо дар шароити феълӣ бо кадом роҳҳо метавон ин арзишҳоро ҳифз намуд?

 Албатта, дар зарфи 25-соли охир Тоҷикистон аз ҷиҳати иқтисодӣ ба рушди назаррас расида, ба ин васила, сатҳи зиндагии мардум низ куллан рӯ ба беҳбуд овард. Имрӯз мардуми шарафманди тоҷик дар фазои сулҳу субот зиндагӣ доранд ва ин осудагӣ бар ивази заҳматҳо ва талошҳои пайваста ба даст омадааст, ки мебояд ба он арҷ гузошт ва ҳифзаш намуд. Ва дар марҳилаи кунунӣ яке аз масъалаҳои муҳим ин ҳифзи истиқлолият ва ваҳдату ягонагӣ мебошад. Танҳо бо таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва маънавии ҷомеа, хусусан, наврасону ҷавонон метавонем, ин арзишҳои олии зиндагиамонро ҳифз намоем. Ҳаёт собит кардааст, халқе, ки маънаван устувору қавӣ аст, онро ҳеҷ нерӯ ва қудрати бегона наметавонад аз роҳи интихобкардааш берун кунад. Бинобар ин, муҳимтарин амале, ки мо бояд барои устувории истиқлолият ва ҳифзи сулҳу оромӣ бояд анҷом диҳем, ин бой гардонидани маънавиёти мардум аст. Хушбахтона, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди маънавии ҷомеа аз ҷониби ҳукумати кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Мутаассифона, имрӯз гурӯҳҳо ва ҳаракатҳое ҳастанд, ки аз хориҷи кишвар истода, ба суботи сиёсии кишвар халал ворид кардан мехоҳанд. Аммо, миллати мо барои худ роҳи дурусти зиндагиро интихоб кардааст ва дигар ҳеҷ гоҳ ба ҳарзагӯиҳои онҳо бовар намекунад. Ҷанги бародаркуш таҷрибаи талхе буд, ки ин гурӯҳҳои манфиатҷӯ ба сари миллату давлат оварданд. Имрӯз ин тоифа ҷойгоҳи худро дар Ватан аз даст дода, ин аст, ки аз хориҷи кишвар истода, фазои орому осудаи моро халалдор карданианд. Аммо кулли мардуми кишвар дар атрофи Пешвои худ муттаҳид гардида, роҳи дурусти худро интихоб намудаанд. Бо сарварии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ ҳамингуна ҳадафҳои созандаро пеш гирифтааст. Имрӯз бо дастуру супоришҳои муовини аввали Раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҳизб тарғибу ташвиқи худшиносиву худогоҳии миллии шаҳрвандон аст. КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо пиёда кардани чорабиниҳои муфиду саривақтӣ дар ин ҷабҳа фаъол аст. Ва аъзову ҷонибдорони мо дар ҳама ҷо бо шиори барои ваҳдат, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум талош меварзанд.

      — Ташаккур барои сӯҳбати пурмӯҳтаво 

Мусоҳиб: Бобоҷон Қурбонов,
сармуҳаррири нашрияи «Сухани халқ»

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>