Расонидани ёрии методӣ

DSC05904

ГУЛИСТОН. Бо мақсади расонидани ёрии методӣ ба ҳуҷҷатгузории Ташкилоти ибтидоии «Ҷамоати Чоруққдаррон», тибқи нақшаи кории Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон санҷиш гузаронида шуд. Дар рафти аз назар гузаронидани ҳуҷҷатгузории Ташкилоти ибтидоии «Ҷамоати Чоруққдаррон» , бо раиси ТИ Бердиева Наргиза Турсунбоевна ва шахси масъул доир ба ҳуҷҷатгузорӣ Гулмуратова Шарофат Закировна раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ Қосимова  Каромат Маҳмудовна ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон Раҳимова Муяссар Абдураҳмоновна оид ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти ҳизб, Оиномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Низомнома оид ба тартиби ба қайдгирии узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суҳбат намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд. Бояд қайд намуд, ки ороиши  гӯшаи ҳизбӣ, ҳуҷҷатгузории  Ташкилоти ибтидоии «Ҷамоати Чоруқдаррон» дуруст ба роҳ монда шуда, каме барои пурра намудани ҳуҷҷатгузорӣ ниёз дорад. Тибқи нақша оид ба расонидани ёрии методӣ ба Ташкилотҳои ибтидоӣ  кор давом дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>