Чорабиниҳои Рӯзи Парчам ва 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад

IMG_3691

ҶАББОР РАСУЛОВ. Дар асоси фармоиши Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд  рузи гузашта вохӯрӣ бо устодону хонандагони МТМУ №16-и ноҳия оид ба мавзӯъҳои «25 – солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Парчами давлатӣ – рамзи ифтихори миллӣ»   баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур роҳбари ТҶҶ «Созандогони Ватан»-и ноҳия Набиев Шерзод ба сухан баромада, дар бораи «25 – солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва инчунин дар бораи таърихи Рӯзи Парчам якчанд маълумотҳо дод. Сарвари МТМУ №16 Қундузов Комилҷон  дар бораи эҳтироми рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Дар охир бо иштирокчиёни чорабинӣ суолу ҷавоб баргузор гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>