Иҷлосияи сарнавишсоз – сарчашмаи сулҳу ваҳдати миллӣ

IMG_1957

КОНИБОДОМ. Бахшида  ба 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ ва Коллеҷи тиббӣ дар маҷлисгоҳи Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом мизи мудаввар дар мавзӯи «Иҷлосияи сарнавиштсоз — сарчашмаи сулҳу ваҳдати миллӣ» — Иҷлосияи тақдирсоз» баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳр, прокуратура, милитсия, коллеҷҳои омӯзгорӣ, технологӣ, бахши фарҳанг ва дигарон иштирок намуда, андешаҳои худро доир ба таърихи ин Иҷлосияи тақдирсоз иброз доштанд. Аз ҷумла кайд гардид, ки 25 сол пеш, дар айёме, ки масъалаи бақои давлату давлатдории тоҷикон ва ҳамчун миллати воҳид вуҷуд доштани мардуми мо таҳти хатари воқеӣ қарор гирифта буд, дар  Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд  Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва дар ҷараёни он самтҳои асосии сиёсати сулҳу оштӣ, ваҳдати миллӣ, таъмини субботи ҷомеа ва давлатсозиву давлатдорӣ тарҳрезӣ карда шуданд.    Мизи мудаввар таҳти мавзӯъ «Иҷлосияи сарнавишсоз – сарчашмаи сулҳу ваҳдати миллӣ» барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастии ҷавонон ва ин санаи муқаддаси таърихӣ махсусан барои насли ояндасози миллат саҳми босазо хоҳад гузошт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>