Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар коллеҷи омӯзгорӣ

???????????????????????????????

ЗАФАРОБОД. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод Ашӯров Раҷаббой Рӯзиевич бо донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ноҳия бахшида ба  «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мулоқот гузаронида шуд. Дар мулоқот Раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демонкратии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод Исмоилов А, Директори коллеҷи омӯзгори Бердиев Д, донишҷӯён ва омӯзгорони фаъол, зиёда аз 60 нафар иштирок намуданд. Сараввал Директори коллеҷи омӯзгори Бердиев Д меҳмононро хайрамақдам намуда риштаи суханро ба Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия дод. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод баромад намуда аз ҷумла қайд намуд, ки саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ – Пешвои миллат Ҷанобӣ Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати навини тоҷикон ва хизматҳои бузургу беназири ин шахсияти абармарди замон ба халқу Ватан намоён аст. Месозад, ки чанд сухан дар бораи сифатҳои инсонии Пешвои миллат гуфта шавад, зеро бунёду решаи ин ҳама комёбиҳо, ки дар тӯли чаҳоряк асри замони Истиқлолияти давлатии кишвар ба даст омадаанд, муҳаббатест, ки дар қалби ӯ, дар умқи синаи ӯ нуҳуфтааст. Дар имрӯза чорабини инчунин асарҳои Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон барои донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгорӣ пешниҳод карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>