Амали неки гурӯҳи Созанда

viber image

КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ. Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд бахшида ба эълон гардидани соли 2017 соли ҷавонон дар назди худ гурӯҳи «Созанда» — ро таъсис дод, ки  мақсади ин гурӯҳ ёрии амалӣ расонидан ба шахсони яккаву танҳо ва барҷомондагону пиронсолон мебошад. Бо ҳамин мақсад 30 нафар аъзоёни гурӯҳи Созанда бо роҳбарии намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар4 вилояти Суғд ба хонаҳои истиқоматии Хӯҷаев Рашид истиқоматкунандаи маҳаллаи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд, Темурова Махфират ва Дадаҷонова Ҳуснӣ истиқоматкунандагони маҳаллаи Масҷиди Саври шаҳри Хуҷанд, ки шахсони яккаву танҳо ва ба ёрии ҷавонон мӯҳтоҷ буданд, аъзоёни гурӯҳи Созанда рафта ба корҳои хоҷагидори онҳо ёрии амалӣ расониданд. Ҷавонон дару тиреза, рӯбу чин ва ҳавлии пиронсолонро тозаву озода аз партовҳо тоза намуданд. Ҷавонон хонаиҳои шахсони ниёзмандро барои зимистонгузаронии омода карданд. Пиронсолон аз ин иқдоми ҷавонон шод гардида, арзу сипоси самимии худро ба Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кумиҷроияи вилояти расониданд. Сипас,  ҷавононро барои амали нек дуои хайр намуданд.

52

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>