Мизи мудаввар таҳти унвони «Наҷотбахши миллат»

IMG_4879

ПАНҶАКЕНТ. Дар Литсейи касбӣ- техникии шаҳр дар ҳамкорӣ бо кумиҷроияи шаҳрӣ ва китобхонаи марказии шаҳр мизи мудаввар  таҳти унвони «Наҷотбахши миллат» баргузор гардид. Мулоқотро муовини директори литсей Гулобова М. оғоз бахшида раиси кумиҷроия Мурод Шукурзода, омӯзгор Ҳусейнова М. аз литсей, ва Яҳёева М. корманди  китобхонаи марказии шаҳр доир ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16 уми Шӯрои Олии кишвар, моҳият ва ҳифзу нигоҳдории Парчами миллӣ сухан ронданд. Раиси кумиҷроия М. Шукурзода таваҷҷуҳи аҳли толорро оид ба сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро равона намуда, иброз дошт, ки  вақти ки ин ватан осудаю обод аст, ҳама шароитҳо муҳаё, чаро як зумра ҷавонон ва шаҳрвандони мо ба ифротгароӣ роҳ дода, ба ҳизбу ҳаркатҳои ифротӣ шомил гашта, ба хориҷи кишвар рафта дар ҷангҳои беадолатона ширкат мекунанд, ҳаёти худ, оила, фарзандон, волидайнро талх мегардонанд барои ояндаи ҳаёти худ мушкилӣ эҷод мекунанд. Таъкид шуд, як сабаби гаравиши ҷавонон ба сафи гуруҳҳои ифротгарою террористӣ нокифоя будан ё умуман надоштани донишҳои динию дунявӣ мебошад. Ҷавонони ноогоҳ ҳатто ба суханони нимчамуллоҳо бовар мекунанд. Омили дигар ин умед бастан ба роҳи осони пулёбӣ аст.  Ин тарзи шомилшавӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ асосан аз Федератсияи Россия тарҳрезӣ шуда, баъдан бо истифода аз роҳҳои гузариши давлатҳои Шарқи Наздик, аз ҷумла Туркия ва Миср амалӣ мегарданд.  Баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгарою даҳшатафкан аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, кумиҷроияи ҳизбӣ, сохторҳои дахлдор, имом-хатибон ва фаъолони ҷомеа гуруҳҳо таъсис дода шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳатто бо усули хона ба хона роҳандозӣ гардидааст. Бинобар он қарзи шаҳрвандии мо сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонони шаҳру деҳоти Панҷакент аз он иборат аст, ки ин ватанро дуст дорем, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолият дошта бошем ва барои ободонӣ, гул-гулшукуфии он бо азми қавӣ, дониши мукаммал ва маърифати воло саҳми назарраси худро гузорем. Баргузории мулоқоту суҳбатҳо дар дигар ташкилоту муассисаҳо идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>