Вазифаҳо муайян гардид

003

ШАҲРИСТОН. Дар толори кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон бо мақсади таҳлили рӯйдодҳои муҳими сиёсии Тоҷикистону ҷаҳон ва иҷрои вазифаҳои дар пешистода машварати корӣ баргузор гардид. Дар машварати мазкур Раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон Р. Қодиров баромад намуда, оиди рӯйдодҳои муҳими сиёсии Тоҷикистону ҷаҳон истода гузашт. Инчунин оиди ҷашнҳои бузурги таърихии дар пеш истода суханронӣ намуда, оиди сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашнҳои бузурги таърихӣ якчанд вазифаҳои аввалиндараҷаро гуфта гузашт. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи парчами миллӣ ва таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нақша чорабиниҳои кумитаи иҷроия тартиб дода шуда,  тасдиқ гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>