Вохӯрӣ бо ғунчаҳои санъат

Деваштич_мулокот_ичлосия_МТИ (2)

ДЕВАШТИЧ. Намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари бадеъӣ, аъзо ва дастаи санъаткорони навраси Ҷамоати деҳоти Яхтан вохӯрӣ баргузор намуд. Дар рафти суҳбат бо ғунчаҳои санъат роҳбари намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон Сарвар Саидов зикр намуд, ки соҳаи фарҳангу маданият дар солҳои соҳибистиқлолӣ рушд ёфта, шароитҳои хубу мусоиди инкишофи эҷодиёту имкониятҳои дарёфти истеъдодҳо васеъ гардида, эътибори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ин соҳа басо ҷиддӣ гардидааст. Алалхусус, шаҳодати гуфтаҳо ин дар ноҳияи Деваштич бо дастгирии роҳбарияти кишвар ба миқдори наздик ба як миллион сомонӣ таъмиру таҷдид гардидани Қасри фарҳанги маркази ноҳия мебошад, ки барои санъаткорону эҷодкорон имконияти нави сайқал додани истеъдодҳояшон гардид. Инчунин, бахшида ба 25 солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмири клубҳои маданияти деҳаҳо ба роҳ монда шуда, ин амал нишонаи арзиши муҳими таърихӣ доштани иҷлосияи мазкур мебошад. Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ аз нақши тақдирсозии қарорҳои дар иҷлосия қабулшуда суханронӣ ва далелҳои воқеъӣ оварда шуда, шароити он вақт бо имрӯзи даврони сулҳу субот муқоиса карда шуда ва аз насли наврас хоҳиш гардид, ки чунин дастовардҳоро эътирофу қадр намоянд ва дар тарғибу ташвиқи хизматҳои фарзанди шоистаи миллат, ки дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба манфиати халқу давлату миллат заҳматҳои беназири шабонарӯзӣ кашидаанду имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидаанд, мавқеъи устувор дошта бошанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>