Озмуни адрасбофи беҳтарин

??????????????????????

ШАҲРИСТОН Дар маркази таълимию адрасбофии ноҳия бахшида ба сазовор таҷлил намудани 25 солагии  Иҷлосияи 16 –уми  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  озмун таҳти унвони “Адрасбофи беҳтарин” гузаронида шуд. Дар озмуни мазкур мудири шӯъбаи  кор бо занон ва ҷавонони  кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон Примқулова З. , иштирок намуданд. Мақсад аз баргузории ин озмун рушди соҳаи саноати сабук, ривоҷу равнақ бахшидан  ба истеҳсоли матои адраси дасти бофта, тарғибу ташвиқоти сару либоси миллии аз ҷиҳати экологи тоза мебошад. Дар озмуни мазкур адрасбофон Яҳёева Зайнура, Зулқайнарова Рухшона, Маллаева Дилафрӯз, Мамасаидова Рухшона, Комилова Ҳамида ва Мустафоқулова   Камола иштирок намуданд. Аз ҳамаи иштирокчиён матоҳои дасти дӯхтаи Яҳёева Зайнура беҳтарин ҳисобида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>