Озмуни адрасу атлас

20171113_105907

АЙНӢ. Тибқи  нақшаи шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия дар ҳамбастагӣ бо  Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон  Туғрали  Аҳрорӣ озмуни ноҳиявии Маркази таълимию истеҳсолӣ таҳти унвони  “Адрасбофи беҳтарин”  баргузор  гардид.  Дар  озмун  аз  ҷамоатҳои  деҳот  ва  шаҳраки  ноҳия    ҳунари  адрасбофон ба  намоиш  гузошта  шуд.   Сипас  аз  тарафи  ҳакамон  ғолибони  озмун   муайян  карда  шуданд. Шоҳҷоиза насиби  Ҳасанова Мавзуна аз ҷамоати деҳоти Дар-дар , ҷойи 1-ум насиби Ёрова Наргис  аз ҷамоати деҳоти Айнӣ,   ҷойи 2-юм насиби Зулолаи Ҷуръат аз ҷамоати деҳоти Дар-дар  ва ҷойи 3-юм насиби Улҷаева Ҳафиза аз ҷамоати деҳоти Урметан  гардид. Ғолибони Озмун бо мукофотҳои Раиси ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>