Мулоқот бо донишҷӯён

IMG_4891

ПАНҶАКЕНТ. Мулоқот дар Донишкада дар рӯҳияи баланди идона доир шуд. Дар Донишкада раиси кумиҷроия Мурод Шукурзода ва мудири шуъбаи тарғибот ва иттилоот Лутфуллоев Бурсӣ иброз доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон баъди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсис додани Артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадӣ ва амнияту милитсия оғоз намуд, то ки ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон пурзӯр гардида, амнияти давлатӣ таъмин ва дастовардҳои истиқлолият ҳимоя ва афзун гардонда шаванд. Зикр шуд, ки масъалаи ҷавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дошта, бахши муҳими фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. ҲХДТ ҷавононро ҳамчун ояндаи давлату миллат эътироф намуда, нерӯи тавоно, созанда ва ташаббусҳои онҳоро ҷонибдорӣ ва ҷиҳати амалӣ шудани иқдомҳои бунёдкоронаи ҷавонон кӯшиш ба харҷ медиҳад. Маҳз бо ҳамин мақсад соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардидаст. Бо мақсади ҷалби васеи ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар зери партави сулҳу дӯстӣ ва амониву якдигарфаҳмӣ дар назди ҲХДТ аз соли 2011 инҷониб ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шудааст. Дар охир барои ташкили чунин мулоқоти судманд роҳбарият ва устодони Донишкада Воҳидов А. ва Исроилов С. ба кормадони кумиҷроия изҳори сипос намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>