Мулоқот бо ҷавонон

DSC_3753

АШТ. Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт вобаста ба эълон гардидани «Соли 2017 — Соли Ҷавонон», 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия, аъзоёни ТҶҶ Созандагони Ватан, афсарони аз хизмати ҳарбӣ баргашта, фаъолон ва волидайни сарбозон доир гардид. Чорабиниро Раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроия Мадаминова Муътабар ҳусни оғоз бахшида, мақсад аз баргузории чорабинии мазкурро баён намуд.  Ҳоҷиатова Ш. — мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия дар бораи аҳамияти таърихии Иҷлосияи тақдирсоз сухан ронда қайд намуд, ки дар дунё шахсиятҳое ҳастанд, ки дар умури давлатдорӣ метавонанд нақши таърихӣ дошта бошанд. Ва ин шахсияти бузург маҳз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, ки тавонистанд бо маҳорату истеъдоди роҳбарӣ, маҳбубияти дар миёни мардум доштаашон халқро сарҷамъ ва ба масири созандагӣ ҳидоят намоянд. Зимни баромади худ мудири шуъбаи кор боDSC_3778 ҷавонони Кумитаи иҷроия Рузиматов Дилшод оиди рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод. Машарипов Комрон мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар суханронии худ оиди тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастӣ ва хештаншиносии ҷавонон баромад кард. Мавлонов Абдулҳафиз, ки хизмати ҳарбиро дар қисми ҳарбии 13483 Б-и қушунҳои хушкигарди воқеъ дар ноҳияи Данғара буда адо намудааст, аз минбар ба ҷавонон аз хизмати аскариаш нақл намуда, зикр дошт, ки хизмати Ватан-Модар қарзи ҷонии ҳар як ҷавони бонангу ори тоҷик мебошад. Модари сарбози қатори Ёрматова Латифа оиди хизмати ҳарбии фарзандаш Ёрматов Хисрав баромад намуда, минатдории худро аз номи тамоми модарон ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муҳайё намудани тамоми шароитҳо барои аскарон баён намуд. Дар охир толибилмони муассисаҳои таълимӣ бо аскарони аз хизмати ҳарбӣ баргашта  саволу ҷавоб  намуда, минатдории худро ба аскарони шуҷои Ватан баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>