Понздаҳ рӯзи сарнавиштноз

IMG_4888

ПАНҶАКЕНТ. Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳр Раиси кумиҷроия Мурод Шукурзода аз ҷашнҳои фархунда ёдоварӣ намуда  иброз дошт, ки хушбахтона, бо иродаи матину тамаддуни баланди мардуми шарифу сарфарози тоҷик пеши роҳи парокандашавӣ гирифта шуд. Бо даъват шудани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз санаи 16 ноябр то 2 декабри соли 1992  дар шаҳри Хуҷанд, Қасри овозадори Арбоб идома ёфт, дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мардуми Тоҷикистон марҳилаи нави пешгирии нобасомониҳо оғоз ёфт. Дар  ин Иҷлосия аз шаҳри Панҷакент Бобоев Бобораҷаб, Шафоатов Шириншоҳ, Ҳомидов Ҷамолиддин, Абдушаҳидов Абдувакил, Раҳимов Маҳмадназар ва Ҷабборов  Абдусаттор иштирок доштанд.  Зимнан, дастоварди муҳиму тақдирсози иҷлосия ҳамин буд, ки вакили мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд ва ин шахсияти бузург воқеан ҳам, бозёфти ҳамин Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеан ҳам, рӯйдоди таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯйи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ — сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аввалин қадамҳо гузошта шуд. Дар солҳои аввали истиқлолият мо тавонистем 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи нави худро қабул намоем, ки ба он бо тақозои замон ва пешрафти ҷомеа  26 сентябри 1999, 22 июни 2003 ва 22 майи 2016 тағйироту иловаҳо ворид карда шуда,  ҳоло яке аз беҳтарин Конститутсияҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар мулоқот Роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони ватан» Амонов А. ва устоди Коллеҷ Аҳроров А. оид ба иқдомҳои неки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонон, эҳтимроми арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти давлат андешҳои худро баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>