Вохӯрии кормандон бо иштирокчии Иҷлосияи таърихӣ

20171113_090408

АШТ. Рӯзи гузашта тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб вохӯрии иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷонов Раҳматҷон бо кормандони Кумитаи иҷроия баргузор гардид. Раиси Кумитаи иҷроия Б.Зиёӣ зимни оғози мулоқот дар назди ҳозирин оид ба фаъолияти меҳнатии Ёқубҷонов Раҳматҷон, ки баҳри рушду нумӯи ноҳия саҳми босазо гузошта, 43 сол дар вазифаҳои мухталифи роҳбарикунандаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолият намудааст,  маълумот дода, аз номи роҳбарияти ноҳиявии ҳизб баҳри меҳнати пурсамар арзи сипос намуд. Баъдан Ёқубҷонов Раҳматҷон нисбати баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он вақт оташи ҷанг минтақаҳои гуногуни ҷумҳуриро фаро гирифта буд ва барои халқи тоҷик баргузории ин рӯйдоди муҳим воқеан ҳам тақдирсоз маҳсуб меёбад, фароҳам овардани заминаҳо барои рушди минбаъдаи миллатамон, аҳамияти таърихии Иҷлосия, интихоби оқилонаи мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қабулнамудаи Иҷлосияи сарнавиштсоз, ки худ шоҳиди воқеии баргузории он буд, бо самимият сухан намуд. Мулоқот дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>