Аёдати иштирокчии Иҷлосияи тақдирсоз

20171113_095905

АШТ.Ҷиҳати сазовор таҷлил гирифтани 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида, баҳри мақсаднок ва дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани чорабиниҳо бо масъулияти дучанд фаъолияти хешро роҳандозӣ намудааст. Рӯзи гузашта аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷонов Раҳматҷон – истиқоматкунандаи ҷамоати шаҳраки Шайдон аёдат карда шуд. Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Б.Зиёӣ ва раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи М.Мадаминова оид ба хизматҳои шоёни Ёқубҷонов Р. дар пешрафту тараққиёти ноҳия ёдовар гардида, ҳамзамон ба 25-солагии ин рӯйдоди муҳими таърихи миллати тоҷик муборакбод намуданд. Ёқубҷонов Раҳматҷон ин ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбро нек арзёбӣ намуда, хотираҳои хешро нисбати баргузории ин Иҷлосияи сарнавиштсоз баён намуд. Аз ҷумла баён дошт, ки аз рафти Иҷлосия тамоми мардум изҳори нигаронӣ доштанд. Ва хушбахтона хиради азалӣ ғолиб омада, вакилони Иҷлосия абармарди меҳанпарасту инсондӯст Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуданд, ки солҳои пасин собит сохт, ки онҳо дар интихоби сарвари давлат саҳв накарданд.  Имрӯзҳо ҳар яки мо рафтори бемислу монанди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёт мушоҳида менамоем. Ҳамин тариқ сӯҳбат бо иштирокчии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷонов Р. самимона ва бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ҷараён гирифт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>