Иҷлосия – руйдоди таърихӣ

IMG_4339

ПАНҶАКЕНТ. Мулоқотро раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода оғоз бахшида оид ба зарурият, моҳият ва аҳамияти таърихии ин Иҷлосияи 16-уми тақдирсоз ва дигар санаҳои фархунда ибрози ақида намуд. Раиси кумиҷроия дар суханронии худ зикр намуд, ки мо дар Ҷумҳурии  соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ умр ба сар мебарем. Тибқи Конститутсия  тамоми ҳуқуқу  озодиҳо ба шаҳрвандон дода шудааст. Маҳз бо таъмин гардидани суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва тинҷию амонӣ, ки хизматҳои бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, мо ба чунин рӯзҳои нек расидем. Таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад. Ин қисмати таърихи миллат ва халқи кишвар бо ному фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сахт пайванд аст. Мо ба он хотир ба ин иҷлосияи тақдирсоз арҷгузорӣ мекунем, ки ба шарофати он ба ҷанги шаҳрвандии дохилӣ хотима бахшида, сохти фалаҷгаштаи конститутсиониро барқарор намудем. Дар мулоқот мудири шуъбаи тарғибот Лутфуллоев Б. ва ҷонишини директори Коллеҷи тиббӣ Латифова Г. оид ба пешрафти ҷумҳурии азизамон дар солҳои истиқлолият сухан ронданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>