Дурахши ситораи миллат

IMG_4735

ИСФАРА. Мутобиқи нақшаи муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва кумиҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи  илмӣ-назариявӣ бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавзӯи «Иҷлосияи наҷотбахши миллат» баргузор гардид. Дар конференсия  роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, кормандони дастгоҳи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва васоити ахбори умум иштирок доштанд. Устодони филиали Донишгоҳи давлатии технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, номзади фанҳои таърих, сиёсатшинос Умрониддин Араббеков доир ба ҷойгоҳ ва арзишҳои Иҷлосияи  XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Савриддин Мамадҷонов оид ба  Қасри Арбоб-тавлидгоҳи арбоби сиёсӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, сиёсатшинос Обидбой Аҳмадов бобати низоми давлатдории миллӣ, ғояҳои сулҳу ваҳдат, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ки аз иҷлосияи сарнавиштсоз сарчашма гирифтанд,  маърӯза пешниҳод намуданд. Ходими намоёни ҳизбиву давлатӣ, вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шоҳиди иҷлосияи тақдирсоз Гулафзо Савриддинова  хотираҳои хешро аз кори Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баён намуд. Дар ҷамъбасти конференсия раиси шаҳри Исфара Дилшод Расулзода изҳор намуд, ки  пешвои ормонҳои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорату заковат, афкору андешаҳои кишварсозӣ, ки аз иҷлосияи тақдирсоз шурӯъ шуд, девори наҷоти миллат ва  қалъаи амнияти Тоҷикистон гардид.  Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ  як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳилаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастааст. Конференсияи илмӣ-амалии “Иҷлосияи наҷотбахши миллат” дар ташаккули афкору андешаи сокинони шаҳру деҳоти Исфара бетаъсир нахоҳад монд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>