Конференсияи илмӣ ва назариявӣ дар ташкилоти ибтидоии «Нурафшон»

IMGL3953

ПАНҶАКЕНТ. Бо мақсади иҷрои фармоиши Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд таҳти №129, дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба 25 солагии таҷлили баргузоршавии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар асоси нақшаи чорабинии  КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мулоқоту суҳбатҳо ва конфронсҳо  барпо гашта истодааст. Робита ба ин дар ташкилоти ибтидоии «Нурафшон»-и ҶСК «Шабакаҳои барқии Панҷакент» дар мавзӯи «Иҷлосияи 16-ум рӯйдоди сарнавиштсоз барои миллати тоҷик» конференсияи илмӣ ва назариявӣ гузаронида шуд. Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ раиси ташкилоти ибтидоии «Нурафшон» Шарифов Шоҳрух ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо моҳияти чорабинӣ огоҳ намуд. Дар Конференсия  раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод  Шукурзода бо маърӯза баромад ва аз ҷумла, қайд намуд, ки  таърихи халқи тоҷик саҳифаҳое дорад, ки бо ҳарфҳои заррин навишта шуда, дар сарнавишти миллати мо нақши ҳалкунанда доранд. Яке аз воқеаҳои фаромушнопазири даврони навин ин Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки мо 25-умин солгарди ин рӯйдоди муҳиму фараҳбахшро таҷлил намуда истодаем.  Барои миллати тоҷик баргузории ин рӯйдоди фараҳбахш воқеан ҳам тақдирсозу сарнавиштсоз маҳсуб мешавад. Зеро ватани соҳибистиқлоли моро аз ҳолати парокандагӣ нигаҳ дошт ва барои рушди минбаъдаи ин миллату давлат шароит фароҳам овард.  Ба ин рӯйдоди муҳим Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои воқеи дода қайд намуданд, ки «Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ба ҷаҳониён тоҷиконро ҳамчун миллати ботамаддун муаррифӣ намуда, исбот намуд, ки мо миллати созанда ва бунёдгарем».  Дар идомаи чорабинӣ мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Қиёмзода Шоҳида ба сухан баромада қайд намуд, ки пас аз Иҷлосия  ба сӯи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ- сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ қадами нахустин гузошта шуд. Агар кӯшишу заҳматҳои доимии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуданд, мо натанҳо ба созиш намерасидем, балки ин ватани мо осудаю ором намешуд. Иҷлосияи 16- ум барои тоҷикон як мактаби ҳаётӣ ва давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.  Дар чорабинӣ ҳуқуқшиноси ҶСК «Шабакаҳои барқии Панҷакент» Бобоҷонов Рустам  дар мавзӯи «Эмомали Раҳмон –наҷотбахши миллат» баромад намуд.  Сардори идораи ҶСК «Шабакаҳои барқии Панҷакент» Ҳикматуллоев Насим иштирокчиёни чорабинии идонаро шодбош гуфта ин Конференсияро барои ҷавонон дарси зиндагӣ арзёбӣ намуд ва ҳамагонро ба ватандустӣ, меҳрубонӣ ва адолатпарварӣ даъват кард. Дар охири кори Конференсия дар вазъияти тантанавӣ  раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панчакент Мурод Шукурзода, мудири шуъбаи дастгоҳи раиси шаҳр Қиёмзода Шоҳида ва директори ҶСК «Шабакаҳои барқии Панҷакент» Ҳикматуллоев Насим  ба 10-нафар ҷавонон ва бонувони фаъол Шаҳодатномаи ҳизбӣ супориданд. Пас аз супоридани Шаҳодатномаи ҳизбӣ раиси кумиҷроияи шаҳрӣ онҳоро табрик намуда, изҳор дошт, ки баробари ба даст гирифтани Шаҳодатномаи ҳизбӣ ҳисси масъулиятшиносии мо дучанд мешавад. Мо бояд аз ин ватану обу хоки он ифтихор дошта бошем. Барои ободонӣ ва гул-гулшукуфии он содиқона хизмат намоем.  Худ намунаи ибрат бошем ва қувваи фаъоли ҷомеаро аз пайи худ барем ва нерӯи бузурги созанда бошем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>