Парчамат бодо парафшон, кишварам!

бг

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи «Дӯстӣ»-и ҷамоати деҳоти Хистеварз бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ мудири бахши кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Солиева М иштирок ва баромад намуд. Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муқаддасоти кишвари мост, ки дар баробари дигар унсурҳои арзишманди миллӣ, чун Суруди миллӣ, Нишони миллӣ ва забон ифодагари истиқлолияти давлатӣ ва ҳуввияти миллии мо шинохта шудааст. Ба ифодаи пурмуҳтавои Сарвари кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро  дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст». Аз тарафи хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №84-и ҷамоати деҳоти Хистеварз барномаи адабӣ пешкаш гардид. Хонандагон доир ба пайдоиши парчам маълумот дода, дар васфи он шеъру таронаҳо қироат намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>