Мулоқоти судманд

конибодом

КОНИБОДОМ. Бо мақсади тақвият бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонону наврасон ҷиҳати пешгирии зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа, хусусан байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Конибодом, ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷон, бегонапарастӣ ва фарогирии хонандагон, хоса духтарон бо зинаи сеюми таҳсил ва ташвиқи ахлоқу одоби накӯву ҳамида, дар асоси Амри раиси шаҳри Конибодом аз 28 майи соли 2017, №52-А, ба ҳар якмуассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҳисоби фаъолон, вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятиву шаҳрӣ ва хизматчиёни давлатӣ мутасаддӣ (сарпараст)оид ба тарбияи маънавӣ таъин карда шудаанд. Бо мақсади таъмини иҷрои амри мазкур дар МТМУ №1-и шаҳр мулоқоти ҷомеаи омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ бо сарпараст оид ба тарбияи маънавӣ, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр, аъзои фаъоли ХХДТ Акмал Ализода доир гардид. Мавсуф оид ба фаъолияти имрӯзаи роҳбарияти шаҳр, навгониҳое, ки имрӯз барои пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр амалӣ шуда истодаанд, ба иштирокдорони мулоқот маълумоти муфассал дода, оид ба густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни омӯзгорон ва хонандагон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таъмини иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҷиҳати ба роҳ мондани омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҷорӣ намудани усулҳои нав дар пешбурди корҳои таълиму тарбия, вусъати корҳои ободонӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён намуд. кмал Ализода ҷиҳати таъмини талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуда, қайд кард, ки аз ҷониби вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр санаи 28 сентябри соли ҷорӣ қарор «Оид ба рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шудааст ва дар амалӣ намудани иҷрои он бояд ҳар як сокини шаҳрамон ҳиссагузор бошад ва аз иштирокдорони мулоқот даъват ба амал овард, ки барои камхарҷ гузаронидани ҷашну маросимҳо кӯшиш ба харҷ диҳанд. Директори мактаб Қодиров Абдуқаҳҳор ва чанде аз омӯзгорон иқдоми раиси шаҳрро оид ба таъин намудани сарпарастони маънавӣ ба муассисаҳои таълимӣ бо қаноатмандӣ пазироӣ намуда, қайд намуданд, ки ин иқдом дар роҳи пешбурди фаъолияти мактабҳо хеле зарур ва саривақтӣ мебошад. Дар ин мулоқот ҳамзамон, аъзоёни гуруҳи сарпарастӣ- вакили Маҷлиси вакилони халқи шахр Баҳром Тоҳиров ва собиқадори соҳаи маориф Руқияхон Абдураззоқова иштирок намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>