НОМАИ СИПОС

image

Ба устоди маънавӣ ва чорагару дурандеш НАРЗУЛЛО ДОДОБОЕВ, ки басо рӯйдодҳои маънавиро ҳамеша дастгиру роҳбаладу пешкушо будаанд!                                                                                                           Ба дӯсти ҳанӯз ношинос, вале барои дилу маънавиётамон шиносу азизу гиромӣ ва арҷманд САРФАРОЗ ФАТТОҲЗОДА, ки Худованд бештар сарфарозашон ва чирадасту пирӯзашон гардонида бошад. Шумо он кори шоиставу арҷманде бикардед, ки барои худшиносии миллӣ ва хоса худшиносии мардуми Хучанд ва таъриху фарҳанги он басо зарури зарур буд ва ин асари чопкардаи шумо оянда ҳам зарури басо зарур бишавад барои ин мардум.

Як рӯйдоди таърихиро ёд меоварем: Солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон, даме ки устод Айнӣ очерки таърихии «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» -ро (ҳаҷмаш қариб баробари китоби мо) навиштанду аз Самарқанд ба Душанбе ба идораи маҷаллаву рӯзномаҳо фиристоданд, он ҷо аз чопи он андеша карданд ё худдорӣ намуданд, яъне зери дил бим кашиданданд муҳарирони ин ҷаридаҳо, харчанд бештари онҳо дар он солҳо хуҷандӣ буданд. (Онҳо бим кашиданд, ки ин асар ба вазъи онрӯза ва замона шояд мувофиқ нест ва боз таърихӣ- археистӣ аст ва чопаш ба сарашон бало меоварад). Ба устод Айнӣ фақат як роҳ монда буд, ки онро аз нав рӯбардор намуда, бифирстанд ин маротиб ба суроғаи Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон, ба номи Бобоҷон Ғафуров. Дар натиҷа ин асар ба чоп бирасид. Тасаввур бикунед, агар ҳамин асар чоп намешуду мисли баъзе навиштаҳои устод Айнӣ гуму бенишон мегардид, он гаҳ чӣ қадар зиён мерасид ба маънавият ва фарҳанги мардуми мо ва барои ифтихороти Хуҷанд ҳамчунин.

Агар асари устод Айнӣ «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» мадади   бузургмарди Хуҷандӣ — Бобоҷон Ғаффуров ба нашр расида бошад дар нашри китоби «Дар ситоиши Хуҷанд ва фарзандони бузургаш» шумо инсонҳои арҷманду дилписанде, яъне Сарфароз Фаттоҳзода ва Нарзулло Додобоев чунин саҳми сазовор ва диданӣ ва монданӣ гузоштед, ки сипос шумо!

Дар ҳақи шумо ду фарзанди арҷманд ва дилписанди Хучандшахр ва суғдзамин чӣ кадар ситоиш бикунам ками кам бошад. Балки хело кам. Вале як шаммаи онро, як зарраи онро бо овардани ин мисраҳои поён таъкид карданиам:

Ёрони худо, Худо шавад ёри шумо,
Ёриву мадад диҳад ба ҳар кори шумо.
Озори фалак надида, дилхуш монед,
Зеро нарасад ба мӯр озори шумо.
Бо зорӣ талаб намоям аз даргаҳи ҳақ:
Ҳаргиз нашавад касод бозори шумо.
Бар кӯрии чашми фалаки масхарабоз,
Бедор бувад ду чашми бедори шумо.
Ҳар бор агар ба манзиле раҳ пӯед,
Ҳар бора расад ба ҷойи худ бори шумо.
Ҳар як нафаси шумо ҳумоюн бошад,
Худ мурғи ҳумо шавад гирифтори шумо.
Ёрони худо, Худо шавад ёри шумо,
Ёриву мадад диҳад ба ҳар кори шумо.

Дуогӯ ва эътиқодманди Шумо

ШЕРАКИ ОРИЁН

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>