Китоби “Дар ситоиши Хуҷанд ва фарзандони бузургаш” аз чоп баромад

0-02-01-014c93379c7f93d6da0b75b24b64817279f4de7db446699e0ccea290766d3d63_full

КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ. Дар рузҳои таҷлили 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ китоби олим ва нависандаи маъруф Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабиев) бо теъдоди 500 нусха аз чоп баромад. Дар дебочаи он гуфта шудааст: “Хуҷанд. Куҷост тоҷике, ки ин муқаддасҷоро дӯст надорад? Агар таъкиду гуфтаҳои Ҷаноби Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро доири Хуҷанд ва фарзандони барӯмандаш ҷамъоварӣ бикунем, як китоби азим мешавад. Зеро аз иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олӣ ва баъдан Сарвари кишвар аз миёни шаҳристонҳои мамлакат аз ҳама зиёд ташриф овардаанд ба Хуҷанд ва дар басо чорабинию нишастҳои ин ҷо доири ин макони қадима ва таърихи пуршарафаш ва фарзонагони беҳамтояш зикр кардаанд… Мо ҳам дар тақлиди сарвари муаззами кишвар сухане чанд овардаем дар ситоиши Хуҷанд ва фарзандони бузургаш… Зеро таърихи зодгоҳи худро донистани ҳар фард ин шинохти худ бошад. Аз худшиносӣ шурӯъ мешавад меҳаншиносӣ ва ватандорӣ.”  Дар китоб мавзуъҳои ҷолиб аз қабили «Роҳи лоҷувард ва корвони хуҷандиён», «Колмани суғдӣ, яъне хуҷандӣ ё инқилоби вай дар театри Юнон», «Искандари канора», «Ба форсӣ номи некаш «Дилмазанда» ва бузургони дигари ин шаҳр», «Макони илми нуҷум», «Хуҷандиён дар мусофиратҳо хуҷандӣ бимонданд ва бузургтамиз бимонданд», «Чингизиён, Темурмалик ва Хуҷанд», «Парвардаи Хуҷанд-Яъқуббеки бадавлати тоҷик», «Хуҷандие, ки ситораи дурахшони осмони адаб бишуд», «Тирози ҷаҳон», «Хуҷандиён-сарварони зинаҳои олӣ», «Мо ба ақли хуҷандиҳо қоил» ва ғайраҳо такя ба сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ навишта шудаанд, ки саҳифаҳои тозаи ин шаҳри бостониро таъкид ва бозгӯйӣ менамояд. Ҷоиз ба зикр аст, ки нависанда ва кинодрамматург Шераки Ориён зодаи вилояти Хатлон буда, муаллифи беш аз 80 китоб ва 40 филм аст, ки навиштаҳояш бо зиёда аз 40 забони олам тарҷумаву чоп гардидааст. Филмҳояш бо ҳафт ҷоизаи байналхалқӣ қадршиносӣ шудааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>