Пйесаи «Назаркарда»-ифодагари талошҳои сулҳофарини Пешвои миллат

Nazarkarda

 ДУШАНБЕ. Пйесаи нависанда, тарҷумон ва драматурги тоҷик Абдуғаффор Абдуҷаббор таҳти номи «Назаркарда» аз тариқи нашриёти «Адиб» ба нашр расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Ба иттилои манбаъ,  пйесаи мазкур бахшида ба талошҳои сулҳофарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҷод гардидааст. «Абдуғаффор Абдуҷаббор аз ибтидо то рӯзи оштӣ иштирокчии иҷлосияи ХVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъди панҷ соли он яке аз муаллифони асосии сабқати телевизионӣ ба ифтихори баимзорасонии Созишномаи истиқрори сулҳ мебошад. Ӯ дар пйесаи худ кӯшиш ба харҷ додааст, ки мушоҳидаҳои шахсӣ ва саҳифаҳои ҳассоси он айёми таърихиро аз нигоҳи дарки бадеии воқеаҳо ба риштаи тасвир кашад»,- хабар доданд аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. Пйесаи «Назаркарда» марҳилаи  муҳими таърихи муосири Тоҷикистонро дар бар гирифта, аз лаҳзаҳои  ба мансаби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон то суханронии он касро аз минбари баланди Ассамблеяи генералии 52-юми СММ оид ба сулҳи бебозгашти тоҷикон ба аҳли олам бозгӯӣ мекунад

АМИТ «Ховар»

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>