Наврасон қадрдонӣ карда шуданд

IMG_5622

ПАНҶАКЕНТ. Дар арафаи таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар муассисаи таҳсилоти иловагии №1 шаҳр озмуни байнимаҳфилии «Шашка ва Шоҳмот» баргузор гардид, ки дар он 15 нафар шоҳмотбозон ва 33 нафар шашкабозон  ширкат варзиданд.  Пас аз ҷамъбасти озмуни шоҳмот ҷойи аввал насиби Сарваров Амирҷон, ҷойи дуюм Рустамов Меҳриддин ва ҷойи сеюм Нуриддинов Мубин гардид. Дар озмуни шашка бошад ҷойи аввалро Рустамов Меҳриддин, ҷойи дуюмро Дустов Муҳамадалӣ ва ҷойи сеюмро Шамсиев Азизҷон ишғол намуданд. Дар ин озмун хонандагони хурдсол Аҳроров Анвар ва Аббосов Сомоншоҳ аз МТМУ №1, ки дар синфи якум таҳсил менамоянд, хеле фаъолона иштирок намуда бо маҳорати худ диққати ҳамагонро ҷалб намуданд. Дар ҷамъбасти озмуни байнимаҳфилии  «Шашка ва Шоҳмот» байни наврасон раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода ва роҳбари намояндаи ТҶҶ «Созандагони ватан» Алишер Амонов  иштирок ва ғолибонро бо тӯҳфаҳои кумиҷроя  қадрдонӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>