Аксияи «Ҳимояи Ватан рисолати мо ҷавонон аст!» идома дорад

20171123_154437

БӮСТОН. Дар асоси фармоиши КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд № 115 аз 19 сентябри соли ҷорӣ оид ба баргузор намудани Аксияи Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» таҳти унвони «Ҳимояи Ватан рисолати мо ҷавонон аст!» ва тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон санаи 27-уми ноябри соли равон дар қисми низомии 01972 (Двизия), ки дар шаҳри Бӯстон ҷойгир гардидааст «Рӯзи дарҳои кушод» бо иштироки 200 нафар хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид.  Сараввал аз ҷониби афсарони қисми низомии мазкур бо хонандагон вохӯрӣ баргузор гардида оиди хизмат ба модар-Ватан қарзи ҳар як ҷавонмард сӯҳбат ороста шуд. Сипас аз ҷониби сарбозон дар назди ҳозирин машқҳои ҳарбӣ гузаронида шуд. Хонандагон бо шароити хизматии афсарону сарбозон дар қисми низомӣ пурра шинос гардиданд. Дар анҷом мудири бахши кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Гадоев Б.И. бо ҷашни Рӯзи Парчами миллӣ табрик намуда ба афсарону сарбозон сипосмандии ҲХДТ-ро барои хизмати содиқона ба Ватан расонид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>