Қабул ба сафи ҲХДТ дар «Апрелевка»

???????????????????????????????

ГУЛИСТОН.  Дар шаҳраки Консой бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар он Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода иштирок доштанд. М.Ҷамолиён ҳозиринро бо Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, ҳамзамон 17 нафар ҷавонони Ташкилоти ибтидоии ҶМТКММ «Апрелевка»-ро ба сафи ҲХДТ қабул намуд ва дар вазъи тантанавӣ шаҳодатномаҳо супорида шуданд. Дар итмом М.Ҷамолиён ҷавононро муборакбод намуда, хотиррасон намуданд, ки дастгирии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон беҳамто аст. Маҳз барои ҷавонон Соли-2017, Соли Ҷавонон эълон шудааст. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо шумо бояд кӯшиш намуда, барои хизмати Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошед, ки «Ҷавонон ояндаи миллатанд»  Ҷамъомади тантанавӣ бошукуҳу шаҳомати баланди ташкилӣ гузаронида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>