Аъзоёни ҲХДТ меафзояд

IMG_5059

ПАНҶАКЕНТ. Тибқи нақшаи чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент  бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти  ташкилоти ибтидоии ҳизбии Беморхонаи кӯдаконаи шаҳр дар рӯзҳои таҷлили санаҳои фархунда вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода, мудири шуъбаи ташкилӣ Раҳматов Шерзод ва раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб Холова Ҳамида иштирок намуданд. Вохӯриро сарвари Беморхонаи кӯдакона Шамсиддин Муҳиддинов оғоз намуда, оид ба фаъолияти ташкилот андешаҳои худро иброз дошт. Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода оид ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти таърихии Иҷлосия XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ҳамагонро бо ин санаҳои фархунда табрик намуд. Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти ҳизбиёни ташкилот оид такмили ҳуҷҷатгузорӣ, афзоиши босифати аъзоёни ҳизб ва доир намудани чорабинҳо дар мавзӯҳои  муҳими рӯз ба раиси ташкилоти ибтидоӣ дастурҳои зарурӣ дода шуд. Дар охир дар вазъияти тантанавӣ ба 12 нафар кормандони фаъоли ин ташкилот  Шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>