«Мо зидди зӯроварӣ» — баргузории ҳамоиш дар доираи чорабиниҳо бахшида ба «16 Рӯзи мубориза алайҳи зӯроварӣ дар оила»

zrv-kn

КОНИБОДОМ. Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба «16 Рӯзи мубориза алайҳи зӯроварӣ дар оила», ки аз санаи 25 ноябр дар миқёси вилоят оғоз гардид, тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи шуъбаи кор бо зан ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар боғи фарҳанг ва истироҳатии шаҳр бо ҷалби васеи занону духтарон таҳти унвони «Мо зидди зӯроварӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок намуда, перомуни аҳмияти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 таҳти №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва дигар барномаҳои давлатӣ изҳори андеша намуданд. Дар ҳамоиш ҳамзамон аз ҷониби ходимони дин ва кормандони соҳаи тандурустӣ дар бораи намудҳои зӯроварӣ, пешгирии зӯроварӣ нисбати занон ва таъсири манфии зӯроварӣ ба саломатии аъзоёни оила маълумот ва дастурҳои муфид дода шуданд. Аз ҷониби хонандагону донишҷӯён дар васфи зан-модар шеърҳо қироат гардид. Санъаткорони ҷавон доир ба мавзӯъ суруду таронаҳои ҷолиб пешкаш карданд. Инчунин, дар ҷараёни ҳамоиш ба иштирокчиёни чорабинӣ варақаҳои тарғиботӣ дастрас карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>