Раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо донишҷӯён мулоқот менамоянд

вилоят

СУҒД.  Бахшида ба Соли ҷавонон ва дар арафаи соли милодии 2018 раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо донишҷӯёне, ки дар маркази вилоят таҳсил менамоянд, мулоқот баргузор мекунанд. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида вохӯрии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят аз 1 декабри соли равон оғоз ёфта, то 14 декабр идома меёбад. Дар асоси ҷадвали тасдиқшуда Раёсат ва шуъбаҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани мулоқотҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд. Иқдоми мазкур бо мақсади бохабар гардидан аз вазъи таҳсил, зисту зиндагонии донишҷӯён ва кумак ба донишҷӯён аз оилаҳои камбизоат амалӣ мегардад. Дар доираи мулоқоти раисони шаҳру ноҳияҳо барои донишҷӯён ҳамчунин ташкили чорабинии фарҳангӣ, дастурхони идона ва расонидани кумакҳо дар назар дошта шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>