Чаро фарзанди Кабирӣ зодрӯзи камбағалбачаро ба мотам табдил дод?

111111111

АНДЕША. Ҳамарӯза дар хабаргузориву шабакаҳои иҷтимоии хоинони миллат ва фарзандони нохалаф перомуни Тоҷикистони азиз сару садоҳои зиёде, матолибу туҳматҳо, маводу варақаҳои тафриқаафканона ба нашр расида, дар онҳо саропо туҳмату буҳтон ва дурӯғу фитнаҳои ғаразнок нашр мегардад. Бо хонадани ин матолиб тамоми равшанфикрон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои сард нишон дода, нависандагони ин туҳматхабарҳоро ба шармандагиву дурӯягӣ маҳкум менамоянд. Аз ҷумла дар поварақи як шабакаи иҷтимоӣ яке аз корбарони шабакаи иҷтимоии фейсбук зикр доштааст, ки “Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳамроҳони ӯ як маротиба ба худ савол намедиҳанд, ки дар як муддати кӯтоҳ онҳо аз куҷо ин қадар маблағ дастрас намуданд ва дар кишварҳои пешрафтаи Аврупо зиндагонӣ намуда истодаанд. Магар ин ҳама хизмати хирсона ба Ватану миллат (агар Шумо Ватану миллат дошта бошед) нест, ки аз хоҷагони хориҷиатон барои ноором сохтани Ҷумҳурии Тоҷикитсон чи қадар маблағ гирифта кӯшишҳо намуда истодаен. Хайф бар Шумо «Ватандӯстони» миллат”. Инчунин тамоми корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом ва сагбаччаҳои гуруҳи 24 наълат хонда нисбати онҳо нафрати хешро баён менамоянд. Дар партави ин нигоштаҳо ман ҳам чанд андешаҳои хешро дар шарҳи чунин хабару гузоришҳои иғвобарангезона хостам баён созам. Асосан мехостам, ки нисбати худи хоини миллат Кабирӣ ва иштирок накарданаш дар ҷанозаи модару ва ҳатто падараш каме андешаронӣ кунам, аммо хостам дар бораи фарзанди беномусаш Муҳаммад Тиллозода каме андешаронӣ намоям. Хушбахтона имрӯз аҳли қалам ва равшанфикрон боҷуръатона оид ба хиёнатҳои фарзандони нохалафи миллат, террорист мисли Кабирии лаъин ва фарзандони онҳо андешаҳои хешро баён менамоянд.

Шоми дирӯз дар Агентии иттилоотии мустақили “Ҳамсинф” мақолаеро таҳти унвони “Кабирӣ Муҳсиддинро дар рӯзи мавлудаш кушт”-ро, ки ба қалами Эҳсони Ёдгор тааллуқ дорад хондам. Рости гап аслан дар бораи хиёнаткориву амалҳои манфури террорист Кабирӣ бисёр маълумот доштам ва хостам ин матлабро назар накунам. Аммо матлаб чунон мӯшикофона ва возеҳу равшан иншо гардидааст, ки сухани модари аламдида инсонро ба худ ҷалб ва вуҷудашро ба ваҷҳ меорад, ки бори дигар чеҳраи манфури разилонаи хоини миллат Кабириро нишон додааст. Дар матлаб оиди ба мотам табдил додани рӯзи зодрӯзи Ортиқзода Муҳсиддин, сокини деҳаи Андигони шаҳри Ваҳдат, ки 3-юми майи соли 2012 ба синни 12 солагӣ қадам мениҳод аз ҷониби фарзанди хоини миллат Кабирӣ маводи таҳлилӣ ҷолиб дарҷ карда шудааст.

Аз забони модари марҳум, ҳангоми норасоии ширинии хони зодрӯзии ҷигарбандашро дидани модар ва бо вуҷуди норозигии писар ва саркашии ӯ ӯро барои овардани ширинӣ равон кардан сухане оварда шудааст, ки: «Писарҷонам, ту марди хонадони моӣ, падарат дар ғарибисту худат пушту паноҳ, сутуни хонадон гаштаӣ. Ҳоло туӣ ноновару нигаҳбони хона. Туӣ, ки замини наздиҳавлиро кишт ва парвариш мекунӣ, ҳосилашро меғундорӣ. Туӣ, ки ҳезуму алаф ҷамъ меоварӣ, молу говамонро саробонӣ мекунӣ. Рав, ба нодориамон нигоҳ накун, ҳарчӣ хоҳӣ биёр, пулат нарасад қарз гир, коре карда бармегардонем. Коре кун, ки сарат назди ҳамсинфон паст нашавад».

Пас аз рафтан ба харидории ширинӣ дар роҳ ронандаи ҷинояткор Муҳаммад Тиллозода – писари раиси ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби нахзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ӯро пахш карда аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад ва мегурезад.

Воқеан дар матлаби мазкур оид ба амали ҷинояткоронаи фарзанди Кабирии лаъин маълумот дарҷ карда шудааст ва дуруст ҳам номгузорӣ шудааст, ки «Кабирӣ Муҳсиддинро дар рӯзи мавлудаш кушт». Дар воқеъ сабабгори аслии ин ҳодиса, Кабирии хоин аст, зеро ӯ дар он фурсат ба фарзанди шаҳодатномаи ронандагӣ надошта бо маблағи хоҷагонаш мошини гароннарх харида боиси ба мотам табдил додани рӯзи зодрӯзи як камбағалбачча гардид.

Дар ин росто гуфтанием, ки маҳз оҳи дили чунин модарони аламдида аст, ки Кабирӣ ва фарзандони нохалафаш асло рӯи хушро намебинанд ва мо низ таманно мекунем, ки илоҳо бо чунин хиёнаткориву ватанфурӯшӣ асло рӯи ҳаёти босаодатро набинанд. Агар хоинон гумон кунанд, ки дар канори хоҷагон гаштан ҳаёти осоиштаву хуррам аст хато мекунанд, зеро «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар». Кабирии хоин ва дигар гумроҳон дониста бошанд, ки ҳеҷ гоҳ мардуми шарифи Тоҷикистон дигарбора чунин гумроҳонро нахоҳанд бахшид.

Фарҳод Воҳидов

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>