Мулоқот бо вакили Иҷлосияи 16-ум

20171128_101753

ПАНҶАКЕНТ. Бо мақсади қадрдонӣ ҳамчун собиқадори хизмати давлатӣ ва собиқадори меҳнату ҳизб аз ҷониби роҳбарияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент иштирокчии фаъоли Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Бобоев Бобораҷаб  аёдат ва бо ин шахси наҷиб мулоқоти хотирмон ва судманд анҷом дода шуд. Дар суҳбат вакили Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобораҷаб Бобоев аз он солҳои вазнин ёдоварӣ намуда, ба хизматҳои бузурги Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дод. Бобоев Бобораҷаб аз ҳолатҳои баргузории Иҷлосияи тақдирсоз ёдовар шуда, иброз дошт, ки ин бахти баланди миллати тоҷик аст, ки Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳоӣ ёфта, гурезагон ба ватан баргардонида шуданд. Сохтори давлатдорӣ аз нав ба фаъолият оғоз намуда, рӯ ба корҳои ободонию ва созандагӣ овардем. Аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16- ум аз он иборат аст, ки Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори варзида ба арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, Тоҷикистонро аз вартаи пароканагӣ ва аз байнравӣ наҷот бахшида обрӯю этибори байналмилӣ бахшид. Бинобар он мо шаҳрвандон бояд ба қадри заҳматҳои Сарвари давлат ва сулҳу ваҳдат расем ва онро ҳифз намоем. Вакили Иҷлосия Бобоев Б. дар шахсити  раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода ва раиси Шўрои собиқадорони ҳизб Холова Ҳамида ба роҳбарияти олии ҲХДТ ва вилояти Суғд барои таваҷҷӯҳ, аёдат ва қадршиносӣ изҳори сипос намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>