Таҳлили оморӣ дар ташкилотҳо идома дорад

20171128_093319

ПАНҶАКЕНТ. Бо мақсади такмили фаъолияти корӣ, расонидани ёрии методӣ, ислоҳи камбудиҳои мавҷуда, ба низом даровардани ҳуҷҷатгузорӣ бо супориши Раиси кумиҷроия Мурод Шукурзода  дар асоси нақшаи кории КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент  дар ташкилотҳои ибтидоӣ гурӯҳи кории кумиҷроияи шаҳрӣ бо сарварии   мудири бахши омори кумиҷроия Замонова Ҳамзира санҷиш гузаронида истодаанд.  То имрӯз дар қисми зиёди ташкилотҳои ибтидоии  ҳизбӣ маъракаи азнавбақайдгирӣ доир шуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта муҳлат ва дастурҳои зарурӣ дода шуд. Таҳлилҳо нишон доданд ки на дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоӣ  ҳисоботи оморӣ ба таври зарурӣ ва  мувофиқи талабот ба роҳ монда шудааст. Дар ин бора ба онҳо дар семинари дастурдиҳие, ки дар кумиҷроия доир гардид ёдрас карда шуд. Санҷиши оморӣ ва азнавбақайдгирии аъзоёни ҳизб дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузаронида мешавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>