Муовини раиси бахши ТЭТ ҲНИТ дар Рӯшон ба нашри наворҳои фаҳшо муттаҳам шуд

Novyj-risunok-55

ДУШАНБЕ. Шабакаи давлатии телевизионии Тоҷикистон дар барномаи «Сипар», ки аз ҷониби Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода мешавад,  навори бадахлоқии ду нафар ба ном муллоро   намоиш дод. Дар ин барнома, ки ҳафтае пеш дар телевизион намоиш дода шуда, гуфта мешавад, ки ду рӯҳонӣ «бо истифода аз номи дини Ислом даст ба амалҳои бадахлоқона задаанд». Яке аз ин гумонбаршудангон имоми масҷиди панҷвақтае дар ноҳияи Ҳисор  мебошад, ки 82 сол дошта, дар хона мардумро «сеҳру ҷоду» мекардааст. Маркази матбуоти ВКД ҶТ  дар ин  гузориш хабар дод, ки «мардумфиребиву қаллобӣ ва аз номи дини поки Ислом сӯиистифода кардани Давлатбек Мираков ин як тарафи масъала бошад, масъалаи дигар, ки басо гӯшношуниду нанговар аст, бадахлоқӣ ва мавриди истифодаи шаҳвонӣ қарор додани муштариён аз ҷониби ин пирамарди 82-солаи оиладор ва соҳиби 11 фарзанду 40 набера мебошад.» Дар идомаи гузориш   хабар дода шуд, ки як сокини ноҳияи Рӯшон низ ба иттиҳоми нашри навори фаҳшо боздошт  шудааст. Барандаи гузориш гуфт: «кормандони Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳрванд Атоёров Атоёр Саодатович, соли таваллудаш 1968, сокини деҳаи Рӯшон, собиқ муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ дар ноҳияи Рушонро барои паҳн кардани наворҳои хусусияти порнографидошта дастгир намуданд».  Худи гумонбаршуда Атоёр Атоёров дар ин гузориш гуфт, ки ба як ноболиғ навори порнографиро сабт карда додаст. «Ҳамон бачаи нобилиғе, ки доимо пешам меомад, қариб як ду сол – дуним сол пешам меомад, як рӯз омад, ки ман ба ӯ филми шаҳвониро сабт намоям ва ман ба ӯ дар диск филми шаҳвониро сабт кардам…», — иброз дошт ӯ. Бино бар иттилои манбаъ, «вобаста ба ҳолатҳои ҷойдошта нисбати ин ду нафар ба ном мулло, ки аз номи дини мубини Ислом суъистифода намуда, ба ҳаракатҳои бадахлоқона ва паҳни наворҳои хусусиятҳои шаҳвонипдошта машғул буданд, айни замон корҳои тафтишотӣ идома дорад».

АМИТ «Ховар»

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>