Сад бор бадӣ кардиву шарми ту наёмад?

pervoklahka

АНДЕША. Вақте  ки ба умқи таърихи миллати бузурги  тоҷик  нигаҳ мекунем,  мебинем, ки ин миллати асил чи қадар чабру чафоҳое кашидааст. Ин таърих чи кадар чабру ситамхоеро барои ин миллати асил  раво дидааст. Вокеъан он чизе ки асилу тоза аст, душманонаш низ зиёданд. Ин миллати азизам аз тохтутози аҷнабиён, чингизиён, турку манғит басо ҷарохат дорад.  Мутаассифона дар хамаи ин ғоратгарихо аҷнабӣ, хонинони Ватан саҳми хиёнаткорна доранд. Бо душман забон як карда барои чанд пайватса  Ватану номуси худро фурӯхтанд. Барои маълум ва возеъ шудани мақсад чанд мисоли таърихӣ ин ҷо зикр менамоем.

1. Давлати Сомониён: Як империяи бузург ва як давлати соҳибтамаддун бо фарҳанги бузург дар зери идораи шоҳи одилу некрой Исмоили Сомонӣ буд. Дар таърихи ҳамон давраи ҷаҳонӣ нигоҳ кунем, давлати Сомониён абардқудраттарин (великая дерҷала)  давлат дар рӯи замин буд. Чӣ шуд, ки  ин давлат аз байн рафт. Бо воситаи хиёнати як гурӯҳ руҳониёни хоин, ки бо хонҳои турк забон як карданд, ҳукумати Сомониён аз байн рафт. Хонҳои турк ба тахти  асолати миллат бо хиёнати хоинони ватан бар тахт нишастанд…

2. Тохтутози муғул: Вақте  ки лашкари хунхори Чингиз ба сари ин миллат монанди муру малах рехт. Фарзандони баору номуси ин миллат барои дифои Ватан ба мубориза бархестанд. Чандин моҳҳо муғул натавонист, ки Cамарқандро забт кунад. Охир-ул амр бо хиёнати туркон, ки худро ҳамтавори муғул медонистанд, Шайхул Исломро бо додани чанд тангае ба тарафи худ кашиданд. Бо фармони ин хоини миллат шабона дарвозаҳои Самарқанд боз шуд, ки дар натиҷа 60 ҳазор хуни тоҷики бегуноҳ бо хиёнати ҳамватан рехт.

3. Бухоро: Чингиз савораи асп ба муқаддастарин ҷой, яъне масчид даромад. Лаҷоми аспашро ба имоми масчид дод. Сандуқҳои Қуръонро охури аспонаш кард. Ба минбар баромад ва худашро ғазаби Худо эълон кард. Як гурӯҳ  диндорон  мардумро ба ҷои муҳофизатии Ватан ба сабр даъват мекарданд.Ин гурӯҳ бо чанд пайсае ба муғул фурӯхта шуда буданд. Ин гурӯҳ на диндор, балки динсоз буданд. Динро барои манфиати худ ниқоб карда буданд. Хоинии худро бо пайрави аз муғул барои миллату дин ошкор сохтанд.

4. Табартақсим:  Дар аввали асри 20 вақто, ки ҳукумати Шӯро дар Осиёи Миёна пойдор шуд. Сокинони ин минтақа аз руйи миллаташон давлати худро ташкил намуданд. Вале як гурӯҳи шахсоне, ки худ тоҷик буданд, вале дар Туркиё таҳсил намуда буданд. Бо далеле, ки мо ҳаммазҳаб бо мардуми турк ҳастем,  бо пантуркистон, ки мавҷудияти тоҷикро инкор менамуданд, муқобилият нишон надоданд, ки хиёнати ин ашхосро на мо мебахшему на ояндагон.

5. Истиқлолият:  Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти худро эълон намуд. Ва аз рӯзҳои аввали истиқлолият душманони ин миллат чӣ тарҳеро ба роҳ монданд, ки ин миллати азизро пора-пора созанд. Мутаассифона боз ба дасти ҳамватани хоин. Аз мафкураи исломии ин миллат истифода бурда ҳизби наҳзати Исломро ташкил намуданд. Исломи азизро бадному Ватани маҳбубро ба ҷангу низоъ кашиданд. Сарвару саркардаҳои ин ҳизб дар зери табли хоҷагони хориҷиашон ба рақс даромаданд. Ин буд, ки чандсолаҳо дар Ватани азиз ҷангу ҷидолу фитнаҳоро ба роҳ монданд, ҳазорҳо нафар нобуд, 1 млн нафар гуреза, чандин деҳаву шаҳрҳо вайрон шуданд.  Агар ба таърихи ин ҳизб нигоҳ кунем, аз ҷониби неруҳои бегона бо мақсади вайрон кардани Иттиҳоди Шуравӣ таъсис дода шуда буд, ки сарварони ин ҳизб инро қоил шуда буданд. Дар Тоҷикистон бошад, бо таври пинҳонӣ соли 1973 дар шаҳри Қурғонтеппа таъсис ёфт. Мӯҳтаво ва барномаи дар зери мафҳуми Ислом пинҳон шуда, ақидаҳои муғризонаи душманони миллати тоҷикро роҳандозӣ  ва корбарӣ карда буд. Ва  бо дарёфти маблағҳо аз суи хоҷагони аҷнабияшон Ватани азизро ба низову ҷанг кашидаанд. Бо дастури фармонҳои душманони миллат шахсиятҳои фарҳангиву асили миллатро террор намуданд. Яъне сарварону русои ин Ҳ Н И Т аз авлодони ҳамон хоиноне буданд, ки бо давлати Сомонӣ хиёнат намуданд, бо Чингизу манғит забон як карда буданд. Бо ҳамаи ин хиёнатҳо нигаҳ нанамуда, Асосгузори сулху вахдати миллӣ,  Пешвои муаззами миллати бузурги тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дасти оштӣ дароз намуданд. Миллати азизро бо сиёсати хирадмандонаву оқилияшон аз вартаи нобудӣ наҷот доданд. Вале рохбарони ин ҳизб пинҳонкорона бо амалҳои ҷинояткорӣ даст  мезаданду намедонистанд, ки рӯзе хиёнаташон ошкор мегардад. Зеро, он ки бар халқу Ватан душманӣ  меварзад, ба зӯдӣ  хору залил мегардад.

   Ҳар ки бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад , ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

       Ҷумҳурии азизи Тоҷикистон рӯз ба рӯз, соат ба соат ободу зебо мешавад, душманони дохиливу хориҷӣ ободии ватани азизро намехоханд. Ин буд, ки боз аз хиёнати дигари афродӣ  хоини миллат Ҳоҷӣ Ҳалим, ки сарпарасташ ҲНИТ буд, нақшаи бо рохи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимиятро роҳандозӣ намуданд,дар натиҷаи ошӯби  чандин нафар ба ҳалокат расиданд. Хурсандиоовар бо мақсади худ нарасиданд, бо далериву шуҷоатмандии ҳомиёни Ватан несту нобуд шуданд. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторхои қудратӣ ҲНИТ ро ҳизби террористӣ- экстремистӣ эълон намуданд,  ки  қобили қабул аст. Ислом ҳаргиз ба ҳизбу ҳаракатҳо эҳтиёҷ надошту надорад ва кадом гурӯҳе,  ки Исломи азизро ба манфиати ғаразноки худ истифода мебарад ва дар зери ниқоби Исломият кор мебарад, ба зӯдӣ  монанди ҲЭТ- и ҲНИТ хору залил мегардад. Гарчанде,  ки роҳбарияти гурезаи ин ҳизб аз хориҷ истода бо мафкураи вайрони худ баромад менамояд, мо Ҷавонон Созандагони Ватани ноҳияи Айнӣ гуфтанием:  дигар миллат ба туву ҳамаслакони ту нафрат дорад. Тоҷикистон Ватани тоҷикони ватандӯст,  на хоинони гуреза. Худо ин ватану миллатро дар сояи роҳбари ғамхору созанда ва бунёдкори кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ раҳмон  нигаҳбон бошад.  Дар интиҳо ба хоинони Ватан гуфтанием:

Сад бор бадӣ кардиву шармӣ ту наёмад,
Неки чӣ бадӣ дошт, ки як бор накардӣ?

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>