Он кас, ки нонро хӯрдаву по бар намакдон мезанад – охир варо нон мезанад!

111111111

АНДЕША. Дар ҷомеаи мутамаддин ва замони амалисозии мафкураҳои аҳриманӣ бар зидди арзишҳои истиқлолияти кишварҳои ҷавону рӯбаинкишоф зарурияти вусъати корҳои пешгирикунанда ба миён омада истодааст. Бояд дар ин росто тамоми ҷомеа бар зидди чунин тундгароён муборизаи дастаҷамъона барем. Зеро ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”. Аслан шеваи корбурди аъзо, пайравон ва ҷонибдорони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломӣ ва гуруҳи 24 мисли он аст, ки пурра ба мағзи ҷавонон корбарӣ намуда, андешаҳои нопоки худро бо омезиш ба андешаву ақидаҳои динӣ мехоҳанд бар сари онҳо бор кунанд ва онҳоро қурбони сиёсатҳои разилонаи хеш созанд. Шояд дар ин маврид саволе, пайдо шавад, ки чаро натанҳо аъзоён, балки пайравону ҷонибдорон низ дар инҷо ишора шуд. Посух он аст, ки бархе аз кӯрхатоне, мисли Сайидюнуси Истаравшанӣ ва дигарҳо ҳастанд, ки ман аъзои “ТЭТ ҲНИ” нестам гӯён пурра андешаҳои хоини миллат Кабириро дастгирӣ ва ҳатто тарғиб менамоянд. Илова бар ин барои онҳо ҳамчун коршинос хулоса пеш оварда, ҷайби наҳзатиёни гумроҳро бо чормағзи пуч пур мекунанд. Дигар ин, ки шояд дар мавриди навишти “ТЭТ ҲНИ” боз аз ҷониби сари хонандаи азиз суоле пайдо шавад, ки чаро “ТЭТ ҲНИ” навишта шудаасту “ТЭТ ҲНИТ” не, балки посухи мо он аст, ки мо аз мавҷудияти чунин фарзандони нохалаф ор мекунем ва номи кишвари маҳбубамонро дар номи ин ташкилот намехоҳем бинем. Бармегардем ба сари таъкиди Пешвои маҳбуби миллат, ки: “Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”. Одатан хоинони миллат наҳзатиёну сагбаччаҳои гуруҳи 24 бо пеш овардани далелу рақамҳои бепоя мехоҳанд ҷавононро гумроҳ карда, мисли худ раҳгум созанд. Бо ин нигошта аз ҳамсолон – ҷавонони азиз даъват ба амал меоварем, ки худро аз чунин гумроҳон эмин нигоҳ доред, зеро онҳо ба Модар – Ватани худ хиёнат кардаанд ва ҳеҷ гоҳ ба мову Шумо некхоҳӣ намекунанд. Ҳадафи ин хоинони миллат ҷалби бештари ҷавонон ва бо ин восита дар назди хоҷагонашон худсафедкунӣ ва маблағҳои муфт ба даст овардан аст.

Ҳамсолони азиз! Ривоят мекунанд, ки ҳангоми ҳуҷуми Чингизи хунхор ба Осиёи Миёна ва шаҳреро ба муҳосира гирифтан, сокинон паси деворҳои  баланд паноҳ бурда, муқобилияти шадид нишон медоданд ва бо вуҷуди  талафоти зиёд Чингиз ба онҳо ғолиб омада натавонист. Шабе чанд соҳибватани хиёнатпеша бо ҳам маслиҳат карда, ба хотири мукофоти калон, дарвозаҳои шаҳрро ба рӯи Чингизи хунхор боз намуданд. Пас аз вориди шаҳр шудан аввалин коре, ки Чингиз анҷом дод, сари ҳамон ашхоси ватанфурӯшро аз тан ҷудо кард. Ҳозирон аз ин амали ӯ ба ҳайрат афтоданд. Чингиз ба атрофиён рӯ оварда гуфт: «Оне, ки ба Ватани худ хиёнат кардааст,  ман ба  ӯ чӣ гуна битавонам эътимод кунам?».

Донистан зарур аст, ки ин хоинони миллат, ки дар кишвари азиз ба камол расидаву нону намаки кишварро хӯрда ба воя расидаанд ва имрӯз нону намаки кишварро пеши по мезананд охир онҳоро нон мезанад.

Он кас, ки нонро хӯрдаву по бар намакдон мезанад, охир варо нон мезанад! Ношукрро нон мезанад, Номардро нон мезанад!

Фарҳод Воҳидов

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>