Вохӯриҳо оғоз ёфтанд

IMG_2628

АШТ. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ноҳия вохӯриҳо бахшида ба солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оғоз ёфтанд, ки ба ин чорабиниҳо кормандони дастгоҳ ва аъзоёни Кумитаи иҷроия сафарбар гардиданд. Рӯзи гузашта дар ташкилоти ибтидоии шуъбаи хизматрасонӣ бо эҳтиёҷмандон бо чунин мазмун сӯҳбат барпо карда шуд. Мудири шуъбаи таблиғот ва иттиллот Абдураҳмонов Ш. бобати идеяи таъсис намудани ҳизбамон, соҳиби мавқеи асосӣ гардидан дар байни дигар ҳизбҳои дигари сиёсии мамлакат, ҳамчун ҳизби пешбарандаи ҷомеа эътироф гардидан ва ҳамзамон оид ба саҳми ҳизбиён дар пешрафту тараққиёти мамлакат суханронӣ намуд. Раиси ташкилоти ибтидоӣ К.Самиев вобаста ба самтҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати пешравии кори ҳизбӣ ибрози назар намуд. Бояд зикр намуд, ки сӯҳбату мулоқотҳо дар ин ҷода тамоми ташкилотҳои ибтидоиро фаро гирифта, махсусан ҷавонон оид ба таърихи таъсисёбӣ ва дастовардҳои назарраси ҳизбамон пурра шинос хоҳанд гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>