Ҷавонон неруи созанда ва бунёдкор

IMG_5050

ПАНҶАКЕНТ. Тибқи нақшаи чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент  дар толори беморхонаи марказии шаҳр  бахшида ба Соли ҷавонон ва дигар санаҳои фархундаи моҳи сипаришуда бо табибон мулоқот  баргузор гардид. Дар мулоқот раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода, раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб Холова Ҳамида ва мудири шуъбаи ташкилӣ Раҳматов Шерзод иштирок доштанд. Дар  ибтидои мулоқот раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Акрамов Набиҷон ҳизбиёнро хайрамақдам гуфта оид ба фаъолияти назарраси табибон маълумот дод. Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода дар суханронии худ зикр намуд, ки барои доштани чунин як ватани зебо, осудаю сулҳофарин, ки   маҳбуби дилҳои пиру ҷавон гардидааст ва сарвари оқилу доно муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон фахр бояд кард. Дар идомаи суханронӣ оид ба ҷоннисориҳои, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва сулҳи  пойдор мисолҳо оварда, таъкид намуд, ки ҷавонон бояд ватандӯст,   меҳрубон ва ба қадри  ҳар як қатраи  обу хоки ин ватан бирасанд. Зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба ҳаргуна фикру ақидаи нохалафоне, ки  мардумро бо ҳар роҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгоро даъват мекунанд, роҳ надиҳад.  Дар охир дар вазъияти тантанавӣ ба 14 нафар табибони фаъол  Шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Мулоқот хеле самимӣ ва хотирмон ҷамъбаст гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>