Маҳфили навбатии навхонадорон

20171130_114004

КОНИБОДОМ. Бори ёздаҳӯм аст, ки бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги оиладорӣ  дар тарабхонаи «Тоҷи Канд» бо 23 нафар арӯсшавандагон ва домодшавандагон семинари фаҳмондадиҳӣ доир гардид. Дар семинар Ҷонишини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ Холматова Х, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД  Неъматова А, мудири САҲШ Сироҷиддинзода Н, собиқадорон, мутахассисони соҳаи тиб, фаъолзанон ва ходимони дин ва намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии «Пайроҳаи хушбахтӣ» Зоирова М иштирок намуданд. Сараввал Холматова Х баромад намуда, оид ба «16 Рӯзи мубориза алайҳи зӯроварӣ дар оила», ки аз санаи 25 ноябр то 10 декабр дар миқёси вилоят оғоз гардид ва оиди  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» “Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” бо мақсади пурзӯр намудани фишангҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус омилҳои зӯроварӣ дар оила, бақайдгирии огоҳкунии инфиродӣ оиди роҳ надодан ба ҳаракати зиддиҷамъиятӣ, кирдорҳои ношоиста ва рафторҳои бадахлоқона дар муҳити зист, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Инчунин навхонадоронро даъват ба сабуриву таҳаммулпазирӣ, иззату эҳтироми тарафайн, бахшидани гуноҳи ҳамдигар ва парваридани меҳру муҳаббати самимӣ ба ҳамдигар, бахусус таъкид бар он кард, ки дар ёздаҳ моҳи соли 2017 беш аз 300 нафар никоҳи оилаҳои ҷавон бекор гардид, ки ташвишовар мебошад. Ҳамзамон дар назди оилабарпокунандагон мутахассисони соҳаи тиб, намояндагони дин, занони собиқадор баромад намуда, доир ба паҳлӯҳои гуногуни зиндагии якҷоя, муносибату муошират ва роҳу усулҳои ташкилу нигаҳдории оилаи тифоқ ва пойдору устувор ибрози андеша намуданд. Мулоқот озод сурат гирифта, ҷавонон бо суолу дархостҳои хеш ба баромадкунандагон муроҷиат намуда, посухҳо гирифтанд ва ба ҳамаи иштирокдорони маҳфил аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Пайроҳаи хушбахтӣ» сертификат ва маводҳои тарбиявӣ дастрас гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>