Маҳфили навбатӣ «Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз»

DSC06161

ГУЛИСТОН. Дар ТИ шаҳраки Адрасмон маҳфили навбатии «Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз» тибқи нақшаи кории Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо мақсади ҳамкорӣ намудан бо шахсони дорои таҷрибаи бойи ҳаётӣ дошта, паҳн намудани таҷрибаи пешқадами онҳо дар шаҳру шаҳракҳо, қадрдонии меҳнати занон ва ҷавонон, баланд бардоштани мақому манзалати занон дар ҷомеа, эҳтироми намудани насли калонсолон. собиқадорони ҳизб, рушди ҷомеа дар раванди рӯзғордорӣ, эҷодкорӣ, маърифатнокӣ ва масъулиятнокӣ. Пешгирии ҷудошавии оилаҳо. Тайёр  намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақил. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ бахшида ба  «Соли ҷавонон», 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 16-рӯзи бидуни хушунат баргузор гардид. Дар маҳфил Раиси КИ ҲХДТ Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони кумиҷроия Раҳимова Муяссар Абдураҳмоновна, мудири  бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандон  Ҷӯраева Наргис Мунимовна мутахассиси   бахши сабти асноди ҳолати Насруллоева Нигора Азимовна  шаҳрвандон иштирок намуда, дар мавзӯъҳои «Мавқеи зан дар ҷомеа», «Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи хушунати занон», «Ҷавонон ояндаи миллат», «Иҷлосияи тақдирсоз»  ибрози сухан намуданд. Дар хотимаи маҳфил ба як қатор оилаҳои барӯманд, бонувони фаъоли ҲХДТ, оилаҳои ҷавон туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон супорида шуданд.

Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз,
То азизи дигарон боши ту низ.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>