Шӯъбаи Маркази илм ва фарҳанги Россия ифтитоҳ шуд

rus-fr-1

ХУҶАНД.  Рӯзи гузашта дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд шуъбаи Маркази илм ва фарҳанги Россия ба фаъолият оғоз намуд. Дар маросими ифтитоҳи шуъбаи Маркази илм ва фарҳанги Россия муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, роҳбарияти шаҳри Хуҷанд, сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, консули генералии Россия дар Хуҷанд Валерий Бондаренко, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Агентии федеролии Федератсияи Россия оид ба корҳои ИДМ, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории байналмилалии гуманитарӣ «Россотрудничество» Александр Фролов, намояндагони соҳаҳои фарҳангу маориф ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Тавре зимни ифтитоҳи шуъбаи Маркази илм ва фарҳанги Россия иттилоъ дода шуд, ба фаъолият пардохтани марказ дар доираи созишномаҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия сурат гирифта, он ҷиҳати рушди бештари ҳамкориҳо дар соҳаҳои маорифу фарҳанг мусоидат хоҳад кард. Ёдовар бояд шуд, ки Агентии федеролии Федератсияи Россия «Россотрудничество» агентии давлатии Россия буда, он бо мақсади густариши робитаҳои илмиву фарҳангӣ бо давлатҳои ИДМ фаъолият мебарад. Чанд сол қабл аз ин Маркази илм ва фарҳанги Россия дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуда буд ва ҳамакнун шуъбаи он дар шаҳри Хуҷанд низ фаъол гардид. Дар назар аст, ки бегоҳии имрӯз ба муносибати ифтитоҳи шуъбаи Маркази илм ва фарҳанги Россия дар Кохи Рӯдакӣ бо иштироки ҳунармандони гурӯҳи “Филармония”-и шаҳри Санкт-Петербурги Федратсияи Россия барномаи фарҳангӣ доир шавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>