Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ

78_400x267

ХУҶАНД. Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии шаҳр баргузор гардид. Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд дар ҷаласа нахуст мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муяссар Сангинова оид ба ба рафти иҷрои қарори раиси шаҳри Хуҷанд аз 30 сентябри соли 2014, № 577 “Дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” дар шаҳри Хуҷанд маълумот дод. Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки “ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 майи соли 2014, №294, қарори Раиси вилоят аз 03.09.2014, № 383 ва қарори раиси шаҳри Хуҷанд аз 30 сентябри соли 2014, № 577 “Дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 дар шаҳри Хуҷанд”, ба тавсиб расид. Оид ба иҷрои қарори мазкур, шӯъбаи кор бо занон ва оила, баҳри танзим намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила барои ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда, ҳимояи ҳуқуқии оила ҳамчун асоси ҷамъият, мусоидат намудан ба татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, мусоидат ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ки ҳадафи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аст, фаъолияти хешро ба роҳ мондааст”. Муяссар Сангинова афзуд, ки “дар доираи татбиқи нақша – чорабинии “Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 – 2023” шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр дар ҳамкорӣ бо дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд байни рӯзноманигорон озмун аз рӯйи номиннатсияҳои “Беҳтарин барнома ё гузориши телевизионӣ”, “Беҳтарин ролики иҷтимоӣ” ва “Беҳтарин маводи чопӣ” эълон намуд. Озмун то санаи 10 декабри соли 2017 ҷамъбаст ва ба ғолибон мукофот, диплом ва сипосномаҳои Раиси шаҳр супорида мешавад. Раиси Шӯрои ҷамъиятии шаҳр, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни баррасии масъалаи мазкур ба масъулини дахлдор дастур дод, ки ҷиҳати иҷрои иҷрои қарори раиси шаҳри Хуҷанд аз 30 сентябри соли 2014, № 577 “Дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” дар шаҳри Хуҷанд тадбирҳои мушаххас андешида шавад ва озмуни эълонгардидаи “16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат” шаффоф натиҷабардорӣ карда шавад. Сипас аз рӯйи масъалаи дуюм мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов доир ба мавзӯи “Дар бораи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи “Соли 2017- Соли ҷавонон” маърӯза намуд. Мавсуф зикр дошт, ки “Ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, шумораи умумии ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар соли ҷорӣ ба 80 ҳазору 900 расид, ки аз ин миқдор 36 ҳазору 500 нафари онҳоро духтарон ва 41 ҳазору 400 нафари онҳоро писарон ташкил медиҳанд. Дар шаҳри Хуҷанд барои соҳибмаълумот гардонидани ҷавонон дар шаҳр 4 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва 4 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 3 омӯзишгоҳҳои касби техникӣ ва 47 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ хизматрасонии таҳсилотиро ба роҳ монда, дар онҳо зиёда аз 48 ҳазор нафар ҷавонони синну соли 14-29 сола таҳсил менамоянд. Ҳамзамон дар шаҳр 10 муассисаҳои варзишии вилоятӣ ва шаҳрӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо барои беш аз 5000 нафар ҷавонону наврасон машғулиятҳои варзишӣ гузаронида мешавад. Инчунин дар шаҳр 4 муассисаҳои фарҳангӣ-таълимӣ фаъолият менамоянд, аз онҳо 2 мактабҳои санъат, мусиқӣ ва рассомӣ, ки дар он наздик 1500 нафар таълимгирандагон ҷалб гардида, нозукиҳои санъати тоҷик, мусиқи ва рассомиро меомӯзанд.  Зимни баррасии масъалаи мазкур аз ҷониби аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ пешниҳодоти мушаххас дар партави эълон гардидани “Соли 2017-Соли ҷавонон” ироа гардид.

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ бо вазифагузориҳои мушаххас ва тарҳрезии нақша-чорабиниҳо анҷом ёфт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>