Семинари дастурдиҳӣ

IMG_0009

КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ. Дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд семинари сайёр баргузор гардид. Дар он кормандони масъули кумиҷроияҳои шаҳру навоҳии вилоят иштирок карданд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода семинарро оғоз бахшида, дар бораи фаъолияти шӯъбаҳои таблиғот, ҷавонон ва кор бо занон андешаҳояшро баён кард. Раиси кумиҷроия супориш дод, ки фаъолияти шӯъбаҳо бо вусъат бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷоннок карда шаванд. Дар ин замина Сарфароз Фаттоҳзода, Раиси КИВ ҲХДТ дар назди масъулон вазифаҳои мушаххас гузошт. Набиҷон Халилзода, мудири шӯъбаи таблиғоти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар мавзӯи «Пурзӯр намудани корҳои тарғиботӣ бо истифода аз усулҳои муосир» маърӯза кард. Ба таъкиди номбурда фаъолияти тарғиботӣ фарогири васеи ҷомеа ва ҳадафрас бояд бошад. Роҳбати ТҶҶIMG_0077 «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд Маъруф Акбарзода дар хусуси «Соли ҷавонон: таърих, имрӯз ва дурнамои сиёсати давлатии ҷавонон», инчунин, «Дарёфт, ҷалб ва тарбияи ҷавонони фаъоли ҷамъиятӣ – кафили рушди фаъолияти корӣ» суханронӣ намуд. Дар семинарии мазкур ҳамзамон перомуни амнияти иттилоотӣ маълумот дода шуд. Зикр гардид, ки дар марҳилаи кунунӣ яке аз вазифаҳои муҳими тарғиботчиёни ҳизб ҳифзу таҳкими сиёсати иттилоотии кишвар ба ҳисоб меравад. Дар интиҳои семинар миёни баромадкунандагон ва иштирокдорон – масъулини кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру навоҳӣ суолу ҷавоб сурат гирифт. Таъкид гардид, ки баргузории чунин семинарҳо барои баланд бардоштани дониши сиёсӣ ва такмили фаъолияти масъулони бахшу шӯъбаҳо муҳим аст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>